Ба муносибати 50-солагии ба нашр расидани романи «Палатаи кунҷакӣ» Эҷодиёти устод Фазлиддин Муҳаммадиев аз саҳифаҳои дурахшони адабиёти садаи бисти тоҷик ба шумор меояд. Вай дар наср сабку диди тозаи бадеиро ворид овард, ки аз бисёр ҷиҳатҳо дар гузашта собиқа надошт ва насри тоҷикиро аз ҳайси муҳтаво ва ҳунару сохтори поэтикӣ ғановати кайфӣ бахшид. Ҳар як […]Идома...
Фарҳангнигорӣ, яъне тартиб додани фарҳангу луғат ба хотири гирдоварӣ ва маҳфуз доштани вожаву калимаҳо, ки сарвату дороии забон ва миллат ба ҳисоб мераванд, дар забони модарии мо собиқаи дерин дорад. Мегӯянд, ки Абуҳафси Суғдии Самарқандӣ аз нахустин фарҳангнигорони забони модарии мо буд, ки фарҳангаш то айёми мо нарасидааст. Баъзе муаррихону муҳаққиқон навиштаанд, ки устод Рӯдакӣ […]Идома...
Агар шеърро ба ҳайси розномаи инсони соҳибқалам тавассути калимоти мавзун шинохта бошем, ашъори Зулфия, ба қавли худаш, мисоли розҳои лолаи худруста аст, ки замоне дар деҳаи сабзманзари Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ лаб ба сухан боз карда ва имрӯз дар вусъатободи сухан қудрати табъ меозмояд: Лолаи худруста ҳастам, пой дар гил мондаам, Лолаи худрустаро имдод кун, […]Идома...
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж — пойтахти Фаронса Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ доир гардид, ки дар он муовини аввали мудири кулли ЮНЕСКО Габриела Рамос, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён,Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Раиси анҷумани Рӯдакӣ дар Фаронса Масъуд Миршоҳӣ ва мавлоношиносон аз тамоми қаламрави […]Идома...
Сулаймон Эрматов рӯзноманигори собиқадори ӯзбекзабони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муассис ва сардабири нашрияҳои «Устоз», «Ӯқувчилар газетаси» ва маҷаллаи «Хурдакак» («Кичкинтой») дар 18-умин озмуни рӯзноманигорон таҳти унвони «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ»), ки дар Кохи «Ӯзбекистон»-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар номинатсияи «Беҳтарин матолиб дар бораи Ӯзбекистон миёни рӯзноманигорони хориҷӣ» сазовори ҷойи аввал гардид. Дар озмуни […]Идома...
Қиссаи устод Садриддин Айнӣ «Одина» аввалин асари насри реалистии адабиёти шуравии тоҷик буда, бори аввал солҳои 1924-25 мелодӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ёздаҳ боби он бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал» (аз хотираҳои истибдод) ва соли 1927 бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина» дар шакли китоб бо ҳуруфи ниёгон ба табъ расид. […]Идома...
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пешвози 100-солагии таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар оғози конфронс иброз дошт, ки ин рӯзнома дар ҳаёти адабиву сиёсӣ ва илмии мо нақши муҳим дорад. Чанде аз адибонамон кори эҷодияшонро дар он оғоз бахшидаанд. Дар таъсисёбии рӯзнома Садриддин Айнӣ, Шириншо […]Идома...
Дар доираи чорабиниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ адибони кишвари дӯсту ҳамсоя – раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид, адиб ва тарҷумони шинохта, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Одил Икром ва адиб Шерзод Ирзоев ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Рӯзи 18 апрел бо иштироки ин меҳмонон дар […]Идома...
Шоираи соҳибсухан, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фархунда дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт. Навиштаҳои шодравон аз солҳои 70-уми асри гузашта дар нашрияҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Машъал» ва ғайра чоп шудаанд ва баъдан тавассути маҷмуаҳои «Пероя», «Оинаи ҳамроз», «Ашки моҳ», «Ду хоҳарак», «Марҷона», «Ману абр», «Садафпора», «Гулғунча», «Гаҳворабандон», «Гулбонги розҳо» ва ғайра […]Идома...
15 апрел — зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ Дар ҳаёти мардуми Осиёи Миёна дар охирҳои асри 19 ва ибтидои асри 20 дигаргуниҳои ҷиддӣ рух доданд. Дар чунин шароит дар ин ҷо ҳаракати ҷадидӣ-маърифатпарварӣ ба вуҷуд омад, ки сарвари он Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва пайравонаш Саидаҳмад Сиддиқии Аҷзӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Саидризо Ализода ва […]Идома...



