Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Низом Қосим бо ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи Иттиҳод» қадрдонӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ хабар доданд. Шӯрои тақдими ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи Иттиҳод» барандагони ҷоизаи асосии гуманитарии ИДМ-ро барои соли 2017 […]Идома...
Абдулҳамид Самад 19.05.2018 Тақрибан ду моҳ пеш бо Акбар Абдулло ба аёдати устод Муъмин Қаноат рафтем. Бонуяшон дарро кушоданд. Устод низ ба даҳлез баромаданд. Чеҳрааш равшан, қоматаш чун ҳамеша рост, саломатиаш беҳтар. Шод шудам, ки хабару овозаҳои нохуши кўча аз сиҳатии устод ботил будааст. — Дигар кампайдо шудед, — гуфтанд гилаомез. Ҳолпурсии зиёду баҳонагўӣ дар […]Идома...
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки 18-уми майи соли 2018 риштаи ҳаёти Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, адиби ҷаҳоншумули тоҷик, арбоби барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ Муъмин Қаноат канда шуд. Ин сухансолори нодирагуфтор дар солҳои 50-уми асри гузашта бо андешаҳое саршор аз ифтихори миллӣ […]Идома...
Низом Қосим Устод Бозор Собир гӯё аслан дар дунёе бо номи Шеър таваллуд шуда буд ва батадриҷу табиӣ дар он бузург мешуду камол меёфт. Пайваста асрори сухан меҷуст ва суханро паҳлӯ мегардонд, то бозтоби тозаашро дарёбад. Аз куҳнагӯиву куҳнагароиҳо азалан ва амалан дилгир буд. Дар дасти шоирии ӯ ибора ба ишора табдил мешуду ҳарф ба […]Идома...
Абдулҳамид Самад Овозаи омад-омади устод Бозор Собир ба Ватан моҳҳо идома ёфт. Интизораш будем. Вале сад дареғ, ки хабари нохушу ҷонгудози маргаш расид. Шоири тавоно, рангинхаёлу озодандеш Бозор Собир дар айёми гулшукуфт ба рӯзгори пур аз талош ва шебу фарози пуразияти шоирона пас аз бемории зиёд дар Амрико падруд гуфт ва шахсияташ ба хотира, осори […]Идома...
Яке аз бузургтарин шоирони муосири тоҷик имрӯз аз олам даргузашт “Ховар”/. Бозор Собир, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, яке аз шинохтатарин ва дӯстдоштатарин шоирони ватансарои тоҷик, субҳи имрӯз, соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон (ИМА) дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам […]Идома...
Низом ҚОСИМ Наврўзу адабиёт азалан тавъаманд — Наврўзи аҷдодӣ асрҳои аср илҳомбахшу рўҳафзои адибон будааст ва адибон садсолаҳо ин ганҷинаи пурбаҳои маънавиро дар сурудаҳояшон зинда нигоҳ доштаву то ба имрўз расондаанд. Лекин асли ҳақиқат ин аст, ки Наврўз маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва аз шарофати сиёсати миллатдўстонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии […]Идома...
Бахтиёр МУРТАЗО Алиҷон Каримович он рӯзро ҳаргиз фаромӯш накардааст. Магар чунин рӯзи маҳшарро аз ёд баровардан мумкин аст? Зинҳор имкон надорад. Ягон бинокори асили сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ин воқеаи мудҳишро аз хотираш зудуда наметавонад. Он вақт ҳам Алиҷон Каримович бар дӯш вазифаи масъулиятноке дошт, ба мудирияти неругоҳи Роғун роҳбарӣ мекард. Охирҳои моҳи апрел ва хусусан рӯзҳои […]Идома...
Таваҷҷуҳи Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба тарҷумаву нашри осори адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ далели меҳру муҳаббатамон ба мардуми кишвари дӯст мебошад. То кунун ин Марказ беш аз ҳар забони дигаре намунаи осори адибони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Ҳоло хушхабар расид, ки маҷмӯаи дастаҷамъии шоирони тоҷик Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Низом Қосим […]Идома...
Бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим ва нахустин сарвари Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ўзбекистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддини Айнӣ моҳи апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ, илму адаб ва фарҳанги муосир» баргузор мегардад. Институти забон ва адабиёти ба […]Идома...