31 июли соли равон дар синни 86-солагӣ дили рӯзноманигор ва нависанда Ҳабиб Имодӣ аз тапидан бозмонд. Ҳабиб Имодӣ зодаи деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон буда, барои таҳсил ба пойтахти Тоҷикистон омадааст ва соли 1967 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм кардааст. Фаъолияташро дар нашриёти «Маориф» оғоз бахшида, баъдан дар маҷаллаи […]Идома...
Адабиётшинос, нависанда, пажуҳишгари мумтози фолклори тоҷик, академик, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҷаб Амонов солҳои зиёде дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият дошта, аз соли 1958 мудири шуъбаи фолклоршиносӣ буд. Соли 1968 дар мавзуи «Лирикаи халқии тоҷикӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1976 узви вобаста, соли 1981 узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии […]Идома...
Чун ишқ зебо омадӣ, ё пир, ё Мавлои Балх! Оташ ба ҷону дил задӣ, ё пир, ё Мавлои Балх! Замоне водии Вахши тоҷикон чун имрӯз макони сарсабзу хурраме буд ва ҷузъе аз шимоли вилояти Балхи музофоти Хуросони Бузург ба ҳисоб мерафт. Мардуми он бо кишоварзӣ, боғкориву чорводорӣ ва, албатта, бо шуғлҳои дилпарвари маънавӣ зиндагӣ […]Идома...
7 июни соли 2023 дили адиби публитсист ва донишманди маъруфи тоҷик Зафар Мирзоён аз тапидан бозмонд. Зафар Мирзоён 5 майи соли 1949 дар ноҳияи Ховалинг, дар оилаи журналисти тоҷик таваллуд шуда, факултаҳои шарқшиносӣ (с. 1972) ва иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (с. 1994) хатм намудааст. Солҳои 1972-1973 дар донишгоҳ ба сифати ассистенти кафедраи форсии факултаи шарқшиносӣ […]Идома...
Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Саттор Турсун 5 июни соли 2023 аз ҷаҳон даргузашт. Устод Саттор Турсун ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар соли чаҳоруми шуъбаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои хидмат ба халқу Ватани хеш ҳамчун ровии радиёи ҷумҳурӣ нахустгомҳои худро гузошт. Чун соли 1970 соҳиби маълумоти олӣ гардид, […]Идома...
29-уми майи соли равон шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Асад Гулзодаи Бухороӣ дар 90-солагӣ чашм аз ҷаҳон барбаст. Марҳум то охири умр дар зодгоҳи худ – шаҳри Бухоро зиндагӣ дошт ва барои тарғибу тарвиҷи забону адабиёти тоҷикӣ аз роҳи тадрис, рӯзноманигорӣ ва эҷоди ашъор хидматҳои шоён кард. Равоншод хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон […]Идома...
Ба пешвози маҷлиси Садорати ИНТ Солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ марбут ба масъалаи китобхонӣ, тарғибу ташвиқ ва интишору савдои китоб як қатор муаммоҳо ба вуҷуд омад. Хусусан кам шудани теъдоди китобҳои бадеӣ дар дуконҳои фурўши китоб, солҳо хонандаи худро наёфтани онҳо, чопи китоб ва сабаби бозоргир набудани он аз мушкилотест, ки акнун коршиносону мутаххасисони соҳаро бетараф […]Идома...
1-уми майи соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии шоири ҷавону муваффақ Бузургмеҳри Тоҷиддин баргузор гардид. Шоири халқии Тоҷикистон, узви Раёсати ИНТ Камол Насрулло бо суханронӣ дар атрофи шеъри ҷавонони тоҷик, аз ҷумла шеърҳои Бузургмеҳри Тоҷиддин маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки имрўз дар адабиёти мо ҷавонони […]Идома...
19 апрел гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба таҳияи филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо мақсади интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ўзбекистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии ҷониби Тоҷикистон тӯли се рӯз аз маконҳои таърихию сайёҳии мамлакат, аз ҷумла масҷиди Ҳазрати Мавлоно, Кохи Наврўз, ҚалъаиҲисор ва манзараҳои […]Идома...
22 апрели соли 2023, нависандаи шинохта, публитсисти шуълавар Раҷаб Мардон дар синни 83-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт. Раҷаб Мардон соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби 7-солаи зодгоҳаш таҳсилро дар мактаби умумии миёнаи рақами 4 ба номи Ленини шаҳри Кӯлоб давом дод. Пас аз итмоми таҳсил аз соли 1957 то […]Идома...