9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли […]Идома...
Насли ҷавони имрўз, ки он солҳо наврас ва тифлакони гуруснаву берўзӣ буданд, инак 22 сол аст, ки аз ҳавои сулҳу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол нафас мекашанду озодона кору фаъолият менамоянд. Воқеан, 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи ҷомеаи навини Тоҷикистони азизамон муқаддас ва тақдирсоз маҳсуб мешавад. 22 сол мешавад, ки аз эҳёи миллӣ ва баҳамоӣ, худсозӣ […]Идома...
Бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН дар саҳни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ гулгашти дилрабое бунёд гардид. Гулгашт бо Муҷассамаи рамзии Китоб, Қаламу Давот, суҳбатгоҳи дорои нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст. Зимни ба истифода додани гулгашти навбунёд, ки бо иштироки адибону ихлосмандони сухан доир гардид, ба аҳли заҳмати Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии кишвар арзи сипос […]Идома...
ё худ андешаҳо баъд аз мутолиаи рисолаи устод Садрӣ Саъдиев Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев зиёда аз сӣ сол боз дар Самарқанд машғули эҷод буда, дар ин муддат ба соҳаи мазкур саҳми босазое гузоштааст. Таълифоте, ки устод дар ин муддат анҷом додааст, аз қабили рисолаҳои «Адабиёти тоҷик» (асрҳои XVI-XIX ва ибтидои […]Идома...
Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Озодандешӣ дар осори Ҷумъа Одина» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш ректори ДМТ Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигар намояндагони илму адаб иштирок доштанд. Низом Қосим зимни баромади хеш аз эҷодиёти […]Идома...
Чанде пеш бо унвони «Тенгдошлар» («Ҳамсолон») дар нашриёти «Истеъдод» маҷмӯаи шеърҳои шоирони ҷавони тоҷик ба забони ӯзбекӣ интишор ёфт. Пештар аз ин дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд афсонаҳои халқи тоҷик дар тарҷумаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Амонбой Ҷуманов ба табъ расида буд. Ҳамзамон дар тарҷумаи ҳамин адиб китоби «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»-и Леонид Чигрин ва Ато […]Идома...
31 майи соли 2019 Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гашт, ки дар он масъалаи адабиёти бачагона муҳокима шуд. ширкаткунандагони ҷаласа доир ба вазъ ва дурнамои адабиёти бачагона мулоҳизаҳои худро баён доштанд, ки фишурдаи онро мо ин ҷо меорем. Аскар ҲАКИМ: Маърўзаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим масъалаҳои муҳимми рушди адабиёти бачаҳо, вазъи имрўзаи онро […]Идома...
Таърихи ҳама гуна адабиёт, бидуни шубҳа, аз адабиёти барои кўдакон офаридашуда сарчашма мегирад, зеро аллаи модар аввалсуруди шунидаи кўдакон асту баробари пайдоиши ҷомеаву забони инсонӣ ҳувайдо гардидааст, ки адабиёти деринасоли мо ҳам аз ин қоида мустасно намебошад. Барои мисол, аввалин осори боқимондаи тоисломии гузаштагонамон монанди «Дарахти ассурик»-у «Ёдгори зарирон» қисматҳои таълимӣ-тарбиявии «Авесто» ва ғ. бархе […]Идома...
Вазъи кунунии драматургияи бачагона нигаронкунанда аст. Агар чанд афсонаеро аз рўзгори олами вуҳуш дар саҳнаи театрҳои лўхтак сарфи назар намоем, имрўз дар саҳнаи 19 театри ҳирфавии ҷумҳурӣ қариб ки ягон асари ҷолиби диққатро аз рўзгори имрўзи кўдакон намебинем. Пўшида нест, дар мавзўи бачаҳо асари ҷолиб офаридан кори саҳлу содда намебошад. Билхоса жанри душвору мушкилписанд — драматургияи бачагона аз […]Идома...
Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков 7-уми майи соли 1974 дар шаҳри Шаҳрихони вилояти Андиҷон ба дунё омадааст. Соли 2007-ум Донишкадаи санъати Ӯзбекистон ба номи Маннон Ӯйғурро хатм кардааст. Ӯ шогирди сарояндаи машҳури кишвари худ Муҳриддин Холиқов мебошад. Аз соли 1994 инҷониб чун ҳунарманди санъати эстрада дар рӯйи саҳна аст. Дар ҳар иди давлатии Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунад. Аз соли 2003 ҳамчун […]Идома...