Номаи табрикии ИНТ ба Зиё Раҳмон
Зиё Раҳмони гиромӣ!
Шумо аз зумраи қаламкашоне ҳастед, ки дар рўзгор ва фаъолияти худ ду риштаи муҳим – тиб ва шеърро пайванд додаед ва ҳам бо доруву дармон, ҳам бо сухани зебову мавзун шифобахши дардҳо ва таскинбахши дилҳо будаед. Ҳарчанд ки хатмкардаи Омўзишгоҳи тиббии шаҳри Кўлоб ва риштаи биологияи Донишгоҳи миллӣ ҳастед, бо худомўзӣ ва аз файзу баракати суҳбати устодони шеър паҳлуҳои нозуки суханро омўхтаеду қаламро ҳамдаму ҳамрози худ интихоб кардаед.
Кўшидаед, ки дар сохторҳои тиб низ ҳомиву пешбарандаи сухану қалам бошед ва далели ин нашрияи «Шифобахш»-и Вазорати тандурустӣ мебошад, ки соли 2009 бо ибтикори Шумо таъсис ёфт ва баъдан ҳамчун минбари тарғибу тарвиҷи маърифати тиббӣ хонандагони сершумор пайдо кард.
Китобҳои ашъори «Қатраборон», «Пайки ошноӣ», «Дар хилвати танҳоӣ» ва ғайра баёнгари онанд, ки Шумо дар ҷодаи сухан раҳнаварди ҷиддӣ ҳастед ва сарнавишти худро ба шеър пайвастаед.
Аз соли 2000 дар сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қарор доред ва садоқати худро ба сухан исбот кардаед.
Ҷашни 70-солагиро шодбош гуфта, ба Шумо тандурустии умрбод ва илҳоми саршор орзу мекунем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон