То ҷаҳон ҳаст, зинда хоҳад буд
Хотираи падар
Понздаҳуми моҳи апрели соли ҷорӣ ба рӯзи таваллуди шоири инқилобӣ, яке аз саромадони назми советии тоҷик Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ (1899-1933) ҳаштод сол пур шуд. Пайрав гарчанде умри дароз надида бошад ҳам, дар назми советии тоҷик ҳиссаи босазое гузошт. «Пайрав аз ҷумлаи он гурӯҳ шоирон буд, ки дар сари гаҳвораи назми навзоди советии тоҷик меистоданд…» — навиштааст адабиётшинос Раҳим Ҳошим.
Пайрав назми ҳазорсолаи классикии моро чуқур ва пухта медонист, аз адабиёти классикии рус ва Ғарб огоҳ буд. Пушкину Лермонтовро меомӯхту азёд мекард. Маяковскийро устоди худ мешуморид. Ва ҳамаи ҳунару истеъдоди худро дар роҳи назм, дар роҳи хизмат ба адабиёт, ба республикаи ҷавони худ, ба халқи озодгаштаи худ сарф мекард. Ҳамчун Маяковский қаламашро ба дашнаву шамшер баробар намуда, зарбаи онро зидди душманони револютсия равона мекард.
Ба адӯ гӯй, ҳон, бипарҳезад:
Қаламам дашнаву синони ман аст!
Пайрав дар назми тоҷик ҳамчун шоири навовар шинохта ва эътироф карда шудааст. Ғояи интилоб ва кӯшиши навоварӣ дар сар то сари эҷодиёти шоир ҳис карда мешавад. Пайрав дар ҳаҷвнависӣ, наср, публитсистика ва тарҷума ҳам маҳорати комил дошт. Оид ба асарҳои ҳаҷвии ӯ устод Айнӣ дар солҳои сиюм чунин ишора карда гузаштааст: «Ба ин тарз ҳаҷвнависӣ чунон душвор аст, намунаашро аз шоирони ҷавони тоҷик танҳо марҳум Пайрав дода тавонистааст».
Пайрав барои бачаҳо ҳам эҷод намудааст. Шеъри «Марши пионерон» ҳоло ҳам намунаи барҷастаи шеъри бачагонаи назми тоҷик ҳисоб мешавад.
Аз зодрӯзи шоир ҳаштод сол ва аз рӯзи вафоташ қариб 50 сол гузашта бошад ҳам, ашъори ӯ зинда аст, ба халқу ватан хизмат мекунад, барои халқ мубориза мебарад. Худи шоир дар дили халқ, дар ёди дӯстони ҳамқалами худ ҷой дорад ва насли ҷавони адибони имрӯзаи тоҷик анъанаҳои ӯро давом медиҳанд, шоирро ба некӣ ёдоварӣ мекунанд. Қаламкаши соҳибистеъдод намемирад, чунонки худи шоир қариб шаст сол пеш аз ин дар шеъри «Қалам» гуфта буд:
То ҷаҳон ҳаст, зинда хоҳам буд,
Қаламам умри ҷовидони ман аст.
ЁДИ ОН РӮЗҲО
Ман ба Бухоро сафар карданро дӯст медорам, он ҷо хешу табор ва ёру рафиқи зиёде дорам. Дар кӯчаҳои қадимаи Бухоро по ниҳода, дар ҳар қадам паи пои падарамро меҷӯям.
Ана, он мактабхонаи сангине, ки дар дамгаҳи кӯчаи мо ҳанӯз ҳам якхел беосеб истодааст. Дар ин ҷо падарам савод омӯхтааст, бо зеҳни тезу ақлу идроки худ шогирди маҳбуби устодаш гардида буд.
Дар поинтари кӯчаи мо майдончае ҳаст. Дар гӯшаи ҳамин майдон солҳои 1920 дӯкони куҳнадӯзи пире воқеъ буд, ки мардум Пинадӯзаш мегуфтанд. Мӯйсафед пойафзоли мардумро дарбеҳ карда, дар рафти кор зери лаб шеъргӯӣ мекард. Пайрав соатҳои дароз ба шеърхонии ӯ бо завқ гӯш медодааст.
Ана, он ҳавлие, ки он ҷо Пайрав ба дунё омад. Аҷаб писари нозпарварди ин оила будааст ӯ: бобоям баъди панҷ духтар писардор шуда буд. Ҳарчанд ки ӯро ба хотири бобоям Сулаймон номиданд, ба сад уммед ҳама Отамуродаш мегуфтанд… Ана, Тоқи саррофон. Дар ин ҷо Пайрав дӯконе дошт, аммо ба ҷои савдо дар ин ҷо бозори шеър метафсид — ҳаводорони шеър ҷамъ шуда, соатҳои дароз доир ба адабиёт, шеъру шоирӣ гуфтугӯйҳо мекарданд. Ана, он макони калон, ки гӯё дили осмонро шикофта, сар боло намудаасту боиси тавлиди достони нотамоми «Манораи марг» гардидааст.
Ман дар кӯчаҳои қадимаи Бухоро по ниҳода, паи пои падарамро ҷустуҷӯ мекунам. Аксари мӯсафедони бухороӣ падарамро ёд доранд. Яке мегӯяд, ки «аҷаб ҷавони хушқадду қомати зебое буд», дигаре мегӯяд: «суҳбаторо буд», сеюмӣ мегӯяд: «марде буд саховатманд» ва чаҳорумин байтҳои Пайравро бо ҳаяҷон гаштаю баргашта такрор мекунад.
Дар Бухоро ҳар як дари дӯст ба рӯям бо шодмонӣ кушода мешавад ва дар ҳар хонадони шинос Пайравро бо некӣ ёд мекунанд.
Ман баъзан ҳайрон мешавам, ки як нафар одам ин қадар рафиқу дӯсти наздики зиёде доштааст? Ва ин дӯстон барои пурратар кардани тасаввуроти ман дар бораи падарам кумак мерасонанд. Ба тарзи дигар гӯям, ба шарофати дӯстон образи падари марҳумамро ҳар дафъа равшантар тасаввур мекунам.
Дар айёми мактабхонӣ дар ҳамсоягии мо Мирзоочил ном мӯсафеде зиндагӣ мекард. Ҳар дафъа, ки ману хоҳарам Лоларо бинад, бо меҳрубонӣ сарамонро сила карда, бо як эҳтиром аз падарамон гап мекушод.
Баъдтар калон шуда фаҳмидам, ки Мирзоочил дар ҷавонӣ хаёли зиёрати Макка карда, бо як гурӯҳ бухороиҳо ба сафар мебарояд. Дур аз ватан ҷавони бекасу бепул бо азобе то ба Кобул расида, хору зор шуда мегардад. Пайрав Сулаймонӣ соли 1920 дар ҳайати намояндагони Республикаи халқии Бухоро ба Афғонистон меравад ва Мирзоочилро дар ҳолати гадоӣ дарёфта, ба хонааш меорад ва баъди чанде ҳамроҳи худ ба Бухоро гирифта мебиёрад.
Яке аз ҳавлиҳое, ки ман бо камоли рағбат ҳар дафъа зиёрат мекунам, ҳавлии писари аммаи падарам Бақоҷон Ҷӯлибоев мебошад. Меҳмонхонаи барҳавою нақшу нигорҳои махсуси онро бо ҳавас тамошо мекунам, тарҳи нақшу нигори ин хонаро падарам кашида, дар даромадгоҳи он шаш мисраъ шеърро низ барои иззати меҳмон навиштааст.
Бояд гуфт, ки Пайрав расмкаширо хеле дӯст медошт. Ман баъзе аз расмҳои падарамро, ки дар ҳошияҳои шеърҳояш кашидааст, ба чанд нафар аз рассомони имрӯза нишон дода, фикри онҳоро донистанӣ шудам. Рафиқони рассом гуфтанд, ки Пайрав дар ҳақиқат истеъдоди рассомӣ доштааст.
Ман ду соли охирини ҳаёти падарамро нағз дар ёд дорам. Падарам аз коғаз ҳар гуна бозичаҳои аҷиб сохта, сонӣ онҳоро ҳамроҳи мо наққошӣ мекард.
Як шаби зимистон ҳаргиз аз хотирам намеравад. Падарам ними шаб моро аз хоб бедор карда мегуфт: Хезетон, ки ман орд овардам! Ҳозир бӯғурсоқи гарм тайёр мешавад! Дар рӯи хона примус вағғосзанон месӯхт. Модарам бӯғурсоқ мепухт. Ин бӯғурсоқи одӣ набуд — падарам аз хамир ҳайкалчаҳои аҷиберо сохта, ба дег мепартофту пас аз лаҳзае ҳайкалчаи суп-сурхи бомазаро ба мо дароз карда, бо завқ «хӯретон» мегуфт.
Одатан як шаб пеш аз иду маъракаҳо падарам худаш ба дастҳои мо ҳино мебаст ва пагоҳии дигар кафи дастчаҳоямонро кушода, дар он сурати моҳу ситораҳо ва лолаи шукуфтаро дида, шодӣ мекард.
Аҷаб падари меҳрубоне доштем. Вай ба мо афсонаҳои аҷиберо нақл мекард, китоб мехонд, барои мо шеърҳо менавишт. Манзумаи «Мурғак» яке аз он шеърҳост, ки падарам махсус барои мо навишта буд. Ҳар дафъа ин шеърҳоро дар консертҳои хонагӣ мо бо як ҳаяҷон хонда, чӣ қадар лаззат мебурдем!
Афсус, ки риштаи овони бачагии хушбахтонаи мо барвақт канда шуд, аммо ёди он рӯзҳои наку як умр чун нақшу нигорҳои нотакрори Бухорои куҳан дар дили мо нақш бастааст.
Гулчеҳра Сулаймонова,
шоира, Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ,
соли 1979