СИМОИ НУРОНӢ

 СИМОИ НУРОНӢ

Ба пешвози 110-солагии нависанда Ҳоҷӣ Содиқ

Обрӯю эътибор, сифату мавқеи рӯзнома аз бисёр ҷиҳат ба рафтору гуфтори муҳаррир, ба хислатҳои неки ў, доною зирак будани ӯ ва муносибаташ нисбат ба ходимон сахт вобастагӣ дорад. Инсони хайрхоҳу донишманд Ҳоҷӣ Содиқ ин хислатҳоро доро буд. Ў солҳои ҳафтодуми асри гузашта шуҳрати рӯзномаи «Совет Тожикистони» («Халқ овози»)-ро ба зинаи баланд бардошта, сазовори меҳру муҳаббати бепоёни хонандагон гашта буд. Ман даҳ сол дар зери дасти ӯ кор карда, бисёр хислатҳои хубашро омӯхтаам.

Ҳоҷӣ Содиқ дар ҷанги Бузурги Ватанӣ сахт ҷароҳат бардошта, як пои худро аз даст дода буд. То кунун симои нуронӣ, нигоҳ, ханда, панду насиҳатҳои падарона, дилсӯзию муомилаи нармаш дар пеши чашмонам намоён мешавад.

Рӯзҳои аввали ба рӯзномаи «Совет Тожикистони» ба кор омаданам буд. Муҳаррирамон Ҳоҷӣ Содиқ рӯзе «Писарам, бо Мирзо Турсунзода шинос шудан мехоҳӣ?», – гуфт. Табиист, ки ман «албатта мехоҳам», – гуфтам. «Ин тавр бошад, – гуфт Ҳоҷӣ Содиқ, – бегоҳӣ хонаи ман биё».

Вақте бо одамони машҳур ва аъзои оилаи онҳо шинос мешавед, ин вохӯрӣ дар хотиратон як умр нақш мебастааст. Муҳаррирамон, ки бо Мирзо Турсунзода суҳбат мекард, ба чойники дар танааш гули пахтадошта ишора намуда:

– Боз як чойи талх биёр, писарам, – гуфт.

Ман чойникро гирифта, аз хонаи меҳмонон нишаста дур шуда истода будам, ки ба сӯи Мирзо Турсунзода нигоҳ карда, «ин кас шогирди мо» гуфт Ҳоҷӣ Содиқ. Барои аз суҳбатҳои Мирзо Турсунзода барин шоири бузурги оламшумул, ки ба хонадони Ҳоҷӣ Содиқ ташриф овардааст, шарафёб гаштанам аз муҳаррир аз замин то осмон миннатдор шудам.

Дар рӯзнома навбатдорӣ баъзан то ними шаб давом мекард. Дар вақти навбатдориям телефон ҷирингос зад. Гӯшакро бардоштам, ки аз он тараф «Шумо кистед?» гуфтани ношиносе шунида шуд. Ман ба ҷои худамро шинос кардан такроран «Шумо кистед?» гуфтам. «Ман муҳаррири шумо», – гуфт соҳиби овоз. Шарм кардам. Агар «Маданияти бо телефон гап заданро ёд гиред!» мегуфт, хафа намешудам. Вале мавсуф дар ин бора сухан нагуфта, саломатиямро пурсид, мошини навбатдор дар хидмати шумо гуфта, диламро бардошт.

Ба наздикӣ бо як муаллими куҳансол, ки аз адабиёти ӯзбек хеле хабардор буд, вохӯрдам. Ӯ бо ман салому алейк карду пурсид:

– Ба рӯзномаи «Совет Тожикистони» дар давраи Ҳоҷӣ Содиқ омада будед-а? – Ҷавоби маро интизор нашуда, илова кард: – Рӯзномаҳои ҳамонвақтаро то дарида рафтанашон мехондем. Ҳозир-чӣ, ягон чизи маъқул мехонам гуфта, рӯзномаҳоро варақ мезанеду ҳавсалаатон пир мешавад.

– Ҳа, ҳамин тавр. Мо ҳатто хабари хурдро гаштаву баргашта таҳрир ва дар шуъба муҳокима карда, баъд ба котибот мефиристодем. Ин низ маънои аз имтиҳон гузаштанро надошт. Зеро дар пеш тақдири матлаби навиштаи моро «санги осиёб»-и котибот ва сармуҳаррир интизор буд. Баъд мусаҳҳеҳ мехонд ва баъд навбатдорон… Хулласи калом, мақолаи суст чоп намешуд.

–Дарвоқеъ, – гуфт ҳамсуҳбатам, – солҳои ҳафтодум як очеркатонро хонда будам. Пайдарпай дар чанд шумора чоп шуда буд. Дар он оид ба як зани деҳотӣ, ки бо шавҳари маъюб осуда зиндагӣ мекард, сухан мерафт. Сабаби дар ёдам монданаш ҳамин, ки дастони он мардро комбайн канда фурӯ бурда буд.

– Рост, – гуфтам ман, – очерки калон буд, «Туро дӯст медорам, ҳаёт!» ном дошт. Ба навиштани ин очерк муҳаррирамон Ҳоҷӣ Содиқ сабаб шуда буданд.

– Чӣ тавр? – гуфт, муаллими куҳансол, шавқ пайдо карда.

Ман асли воқеаро батафсил нақл кардам.

– Як хислати хуби Ҳоҷӣ Содиқ он буд, ки агар дар идора мақолаҳои расмӣ ҷамъ шуда хоб рафта бошанд ҳам, дар ҳар як шумораи рӯзнома ҷой додани матолиби шавқовар, шеър, ҳикоя, фелетон ва мақолаҳои публитсистиро талаб мекард.

–Рӯзномаи моро аз говҷӯш сар карда, то академик, аз кӯдак сар карда, то чолу кампир мехонанд, – мегуфт ӯ, – барои ҳамин мавзуъҳо бояд рангоранг бошанд, арзиши бадеии онро бардоштанамон лозим. Зеро рӯзномаи мо ягона нашрияест, ки дар ҷумҳурӣ ба забони ӯзбекӣ чоп мешавад. Хонандаи мактаб ҳам, омӯзгор ҳам, соҳибони касбҳои одӣ ҳам, шоиру нависандагон ҳам, умуман тамоми ӯзбекони ҷумҳурӣ эҳтиёҷи маънавии худро ба воситаи ҳамин рӯзнома қонеъ мекунанд.

Мо, ходимони редаксия, тибқи пандҳои сармуҳаррир амал намуда, аз паи ёфтани мавзуъҳои ба дили хонанда мувофиқ мегаштем. Муаллифҳои ғайриштатиро низ ба ин кор ҷалб кардан, ҳар як номаи ба редаксия омадаро бо тамоми диққат омӯхтан зарур меомад. Ҳоҷӣ Содиқ таъкид мекард, ки ҳар як мақолае, ки дар рӯзнома чоп мешавад, ба тақдири инсони реалӣ сахт вобаста аст.

– Эҷод кори косибӣ нест, – гуфта буд Ҳоҷӣ Содиқ, – барои чизи хуб навиштан қадаҳи дил аз шароби ҳаёт бояд пур гардад. Дар он сурат нависанда хонандаро не, балки хонанда нависандаро ҷустуҷӯ мекунад. Навиштаҳои ӯро ёфта мехонад, наёбад, хумораш мегирад.

Сулаймон ЭРМАТОВ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо