Аз Чашмаи Носир то рӯдбори бузурги шеър

 Аз Чашмаи Носир то рӯдбори бузурги шеър

Солҳои ҳаштодуми қарни гузашта шеъри тоҷикӣ бо ҳузури як зумра ҷавонони пуртакопӯ таровати бештар ва рангу бӯи тозатар гирифт. Ин насл суннатҳои писандидаи шоирони насли пеш аз худро ба шоистагӣ идома дода, ҳар яке ба қадри тавони хеш ба дарахти сабзу тановари шеъри мо шоху баргҳое афзуданд. Ато Мирхоҷа, ин фарзанди кӯҳсорони баланд, ки паёмҳои аввалини дилашро аз баландтарин минбари дунё — Боми ҷаҳон ба гӯши оламиён расонидааст, аз намояндагони ҳамин насли тозанафас ба шумор меравад. Ҷӯйбори софу зулоли шеъри ин шоир аз Чашмаи Носир сарчашма гирифта, ба рӯдбори пуртуғёну ҳамвора саршору ҷории шеъри форсии тоҷикӣ пайвастааст. Аз ин хотир, аз нахустин шеърҳояш, ки охири солҳои ҳаштодум дар саҳафоти матбуот ва маҷмуаи дастҷамъии «Боли парвоз» ба хонандагон манзур шуда буданд, шаффофияти чашмаи Носир, дурахшиши лаълу ёқути Бадахшон ва накҳати гулсангҳои кӯҳистон эҳсос мешаванд. Чашмаи Носир, ки дар чандин шеъри шоир мукаррар ёд шудааст, намоди сиришту табиати худи ӯ мебошад ва шоир дар яке аз шеърҳои нахустинаш ҳар чакра оби онро «оинаи виҷдон»-и худ донистааст: «Маро оинаи виҷдон бувад ҳар чакра оби Чашмаи Носир».

Аз Чашмаи Носир ёд кардани мо дар оғоз бе рамз нест. Аввалан, кӯдакии шоир дар канори ҳамин чашма ва нӯши ҷон кардани оби он сипарӣ шудааст ва сониян, ин чашма ба Ҳаким Носири Хусрав, шоиру мутафаккири бузурги тоҷик, иртиботи рамзӣ дорад. Тибқи бовари мардуми Бадахшон, боре Носири Хусрав халқро дар чанги ташнагӣ мебинад, асои худро ба замин мекӯбад ва аз дили замин чашма меҷӯшаду ташнагонро шодоб мекунад. Аз он ба баъд мардум ин чашмаро бо ихлосу эҳтироми тамом «Чашмаи Носир» меноманд. Ато Мирхоҷа бори аввал аз ҳамин чашма, ки чашмаи ҳикмати Носири Хусрав низ мебошад, об нӯшидааст ва сафарашро сӯи рӯдбори бузурги шеър оғоз кардааст. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамин масири дар тӯли солҳо паймудаи шоирро мурур кунем ва дарёбем, ки ӯ дар ин маҷро чӣ туғёнҳову талотумҳое дошта ва дар садафи шеъри худ чӣ гавҳарҳоеро парвардааст.

***

 Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта навоварӣ ба шеъри мо аз чанд тариқ ва равиш сурат гирифт. Бархе шоирон бо истифода аз таҷрибаи шоирони муосири ҳамзабонамон, ки он солҳо ашъори намояндагони барҷастаашон чун Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур, Ахавони Солис, Аҳмади Шомлу ва чанд тани дигар дар Тоҷикистон интишор ва иштиҳор ёфта буд, шеъри худро тозагӣ мебахшиданд ва ин тозагӣ бештар дар забони шеъри онҳо маҳсус буд. Зумраи дигар ба мактаби шеъри тоҷикии шуравӣ такя доштанд ва аз ин роҳ мехостанд шеъри моро пеш баранд ва бо риояи ҳамон мушаххасоти шеъри шуравӣ, яъне сужасозӣ, гузиниши мавзуу қаҳрамони мушаххас, таваҷҷуҳ ба манзараҳои зиндаи табиат ва айниятгароӣ анъанаи насли гузаштаро бо ҷилваҳои тозатари ҳунари шоирӣ идома бидиҳанд. Ато Мирхоҷа мутааллиқ ба гуруҳи дувум аст. Аз шеърҳои нахустин то пасини шоир ин равиш мушоҳида мешавад, равише, ки устодон Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Пайрав Сулаймонӣ, Мирсаид Миршакар, Ҳабиб Юсуфӣ, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва… ба он гароиш доштанд. Албатта ин на ба он маъност, ки Ато Мирхоҷа такроркунандаи таҷрибаи ин шоирон бошад, ин мактаб хеле бузургу фарох аст ва ҳар як намоянда дар арсаи он ба тарзи хоси худ ҳунарнамоӣ карда, қутби наверо боз намудааст. Манзури мо мактаби шеъри тоҷикии шуравӣ ва анъанаҳои он аст, ки табъи шоир бо онҳо парвариш ёфта ва ӯ ба аслҳову меъёрҳои ин мактаб содиқ мондааст ва бо пуштвонаи қавӣ, бо огоҳӣ аз назокатҳои шеъри классикон, хазинаи ғании луғавӣ, тасаллут ба абзорҳои фаннӣ ва бо риояи талаботи шеъри нав ин анъанаҳоро ба қадри тавон такмил дода, бо замони мо созгор намудааст. Аз ҳамин ҷост, ки шеърҳои Ато Мирхоҷа ҳамагӣ реша дар ин замин давондаанд, аз рӯзгори содаи мардум моя гирифтаанд, дарди замону замин доранд ва воқеоти замони моро дар оинаи худ ва дар перояи ҳунар, бо забони содаву соф бозтоб додаанд. Шоир то ҳадди тавон кӯшидааст, ки аз мавҳумоту муғлақбаёнӣ, аз баёни буғранҷу пуртумтароқ, аз чизҳои зеҳнии бепоя парҳез кунад ва сароҳату равшаниро дар шеър нигоҳ дорад. Ин вежагиҳо дар сафҳа-сафҳаи китоби нави ӯ — «Дидаи сеюм» равшан намоёнанд.

Ин маҷмуа гулчине аз шеърҳои солҳои гуногун навиштаи шоирро дарбар гирифтааст ва марҳалаҳои такомулу ташаккули ҳунари шоирии ӯро нишон медиҳад. Дар ин гузида гулчини шеърҳои пеш аз ин дар маҷмуаҳои “Тасмаи мардон”, “Ишқ ва ашк”, “Шакарганҷ”, “Нафаси дувум”, “Субҳи беғуруб” чопшудаи шоир гирдоварӣ шудаанд ва паҳлуҳои гуногуни дунёи шоирии муаллифро аз дирӯз то имрӯз намоён мекунанд ва имкон медиҳанд, ки мо сайре ба дунёи афкору хаёлот ва шодиву ғамҳои шоир дошта бошем.

Муҳимтарин чизе, ки пештар аз ҳама зимни мутолиаи ин шеърҳо ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, гуногунмавзуиву гуногуннавъӣ ва гуногунрангии забону баёни шоир мебошад. Ҳам дар анвои суннатӣ ва ҳам дар анвои нави шеър намунаҳои дурахшонеро мебинем, ки ҷиҳатҳои гуногунии ҳунари шоирии ӯро нишон медиҳанд. Аз қасидаву ғазал то қитъаву рубоиву дубайтӣ, аз шеъри озоди нимоӣ то фардбайтро метавон дар ин китобҳо дучор шуд, ки гувоҳи тасаллути хуб доштани шоир ба донишҳои адабӣ ва густарда будани доираи биниши ӯст. Қариб тамоми масъалаҳои муҳимме, ки ба сарнавишти мардум бастагӣ доранд, аз чашмандози шоир берун намондаанд ва ба гунае дар оинаи шеърҳояш бозтоб ёфтаанд. Ин ҳам яке аз равишҳои хеле хубу писандидаи мактаби шеъри муосир аст, яъне мавқеи фаъъоли шаҳрвандӣ доштан ва аз соҳил хестану дил ба дарё задан. Намунаҳои бисёреро метавон далел овард, ки баёнгари дахолати шоир ба ҳодисаҳои замона ва ҳамдардии ӯ бо иҷтимоъ аст. Яке аз намунаҳои хуб шеъри «Хитобае ба ҳайкали устод Айнӣ» аст, ки дар қолаби нимоӣ ва бо шеваи ғайримаъмул гуфта шудааст. Шоир дар хитоб ба муҷассамаи устод Айнӣ дардҳои дили худ ва ҷомеаро баён мекунад ва аз ин пири пуртадбир мадад меҷӯяд. Ин ҷо худи бархӯрд ба мавзуъ ва тарзи нигариш тозагӣ дорад. Ин шеър солҳои нооромии кишварамон иншо шудааст ва чунин чунин хулоса мешавад:

Устодо!

Бо ҳамон ақлу тавони ориёна,

Бо ҳамон шӯру қиёми осиёна,

Бо ҳамон рӯҳу сафои орифона,

Бо ҳамон нафрат алайҳи зулмгорон

Хез зидди золимони ин замона.

Фарохии доманаи мавзуъ боис шуда, ки шеърҳо гуногунқолабу гуногунранг бошанд ва аз ҷиҳати шеърият низ пурбору амиқ гарданд. Вақте ки ба суроғи бадеият ва шеърият меравем, онҳоро бо перояҳо, ҷилваҳо ва суратҳои гуногун дармеёбем. Гоҳе бадеият дар сохтори берунии шеър, гоҳе дар сохтори зеҳнӣ ва гоҳе дар шеваи баён мушоҳида мешавад. Яке аз нишонаҳои чашмрастарини шоиронагӣ дар забону баёни ин шеърҳо ба назар мерасад, ки дар ин маврид нақши санъатҳои бадеии лафзӣ дурахшонтар аст. Шоир бо канори ҳам чидани калимоти ҳамоҳангу мушобеҳ ва бо бозии ҳунармандонаи ҳуруф таъсири суханашро бештар мекунад ва мусиқии шеърро гиротар менамояд. Санъатҳои таҷнис ва таззод дар ин маврид нақши бештар доранд ва бори бадеияти шеър ба дӯши онҳо гузошта мешавад. Дар мисолҳои зерин чунин суханбозии ҳунармандона дар калимаҳои «тоҷмағал, Тоҷмаҳал», «дафина, сафина, ҳазина, хазина», «кулӯла, гулӯла» ва «нолаву нӯла» зоҳир шудааст, ки далели хуб тасаллут доштан шоир ба вожагон ва дар маҷмуъ забон мебошад:

То ба кай дар сари як тоҷ мағал соз кунем,

Вақти он аст, ки як қасри амал соз кунем,

Ҷои ин тоҷмағал Тоҷмаҳал соз кунем.

                         ***

Дафинаи аламам шуд сафинаи ғазалам,

Ҳазинае абадӣ дар хазинаи дунё.

                         ***

Шоир гулӯла аст, ту аммо кулӯлаӣ,

Дунёи нола аст, ту дунёи нӯлаӣ.

Вақте ба танаввуи забонии шеърҳо таваҷҷуҳ мекунем, дармеёбем, ки захираи луғавии шоир то чӣ ҳад ғанист ва то чӣ ҳад ӯ дар мавридҳои гуногун ва дар мавзуъҳои гуногун вожагони лозим ва фарохури матлабашро пайдо мекунад. Барои шоир калимаи ба қавле бегонаву ғайришеърӣ ва куҳнаву нав вуҷуд надорад. Бисёр вожаву таъбирҳоеро мебинем, ки берун аз шеър шоирона наменамоянд, вале вақте ки Ато Мирхоҷа онро дар мавридаш ба кор мебарад ва ба муроди шоиронаи худ тобеъ мекунад, мебинем, ки чунин калима дар шеър ҷойи табиии худро ёфтааст. Аз ин назар, яъне аз ҷиҳати фарогирии калимоту таъбирҳо ашъори мавриди назар ғаномандии фавқулода доранд. Забондонии шоир дар осори мансураш, ба вижа дар романи «Саройи санг» ба авҷи камол расидааст.

Ибораи «бонки рушд» дар порчаи зер намунае аз чунин ибораҳоест, ки ҳунармандона ва бамаврид вориди шеър шуда ва муҳимтар аз ҳама, барои таъмини бадеият хидмат кардааст:

Тоҷикистон!

Танга-танга киштзорони заринат

Як ба як музди ҳалоли волидони мост.

Говсандуқи куҳистони баринат

Бонки рушди ҷовидони мост.

 Ё ба порае аз ин шеъри ошиқона таваҷҷуҳ кунед, ки «мавҷгираки родио» дар он ҳузури табиӣ ёфтааст:

Мекардамат ман аз ҳама ҷо эҳсос,

Мекардамат ман аз ҳама ҷо пайдо.

Мавҷи фазо ту будию гӯё ман

Будам чу мавҷгираки родио.

Ворид кардани калимоту таркибҳои халқӣ ва зиндаи гуфтугӯӣ, ки маншаи онҳо фарҳанги асили мардумӣ мебошад, аз вижагиҳои дигари кори шоирии Ато Мирхоҷа ба шумор меравад. Аз ин ҷиҳат низ шеърҳои зери назар қобили мулоҳизаи хос мебошанд. Бештари чунин калимаву ибораҳои асилро шоир аз забони пурғанои мардуми Бадахшон гулчинӣ мекунад ва шеърашро бо онҳо зиннат медиҳад. Аз «даргилик» то «лалайик» ва садҳо вожаи дигар, ки баргирифта аз забони мардум мебошанд, дар ғанисозии забони ашъор саҳм доранд. Баъзе аз ин калимаҳо номвожаву ҷойномҳои маҳаллӣ мебошанд, ки дар дарозои замонҳо шаклу маънии қадимашонро ҳифз кардаанд ва дар яке аз ғазалҳои шоир хеле ҳунармандона нақши қофияро иҷро кардаанд:

Муштоқи тоқи Қалъаву боди Ниводакам,

Пазмони чини санги қадамгоҳи Чинакам.

Андар ситез ҳастам аз Андарситези ту,

Дилташнаи суруди нави рӯди Хӯфакам.

Туғёни Ғунд хоҳаму афғони тунди Панҷ,

Ё як суманбаре ба чаманзори Гожакам…

Агар хонанда таваҷҷуҳ карда бошад, дар мисоли боло, ғайр аз номвожаҳои барои қофия нодир, вижагии дигари ҳунари шоирии Ато Мирхоҷа, ки қаблан зикр кардем, яъне бозии калимот ва мусиқии ҳуруф низ дар мисоли ибораи «чин», «Чинак», «андар ситез», «Андарситез», «Ғунд» ва «тунд» дида мешавад.

Умуман, ғайр аз вожаву таъбирҳо, шоир аз батни фарҳанги қадими миллӣ гавҳарҳоеро берун мекашад, ки бо дурахшиши худ чашму дилро менавозанд. Таваҷҷуҳ ба расму урфи мардум ва истифодаи огоҳона аз он як силсилаи шеърҳои ин китобро аз ҷиҳати маъниву муҳтаво обуранг бахшидаанд. Дар шеъри «Тасмаи мардон» ин хусусият бармало дида мешавад. Шоир ба яке аз расмҳои мардуми Бадахшон дар ин шеър ишора карда, ҳикмати онро ба хонанда мекушояд ва ҳамин ҳикматро ба ғояи асосии шеър, ки сулҳу осоиштагии саросари сайёра аст, пайванд медиҳад, ки далели вусъати тафаккури шоиронаи ӯст:

Дар Бадахшон ба вақти хоб шабон

Шаҳсутунро кунанд баста миён,

Хуфтагонро чу посбонн далер

То нигаҳ дорад аз балои ниҳон.

Зидди коҳандагони ҷони Замин,

Носипосони обу дони Замин,

«Марзи сулҳ» аст дар миёни Замин

Тасма бар ҳифзи хокиёни Замин.

 Чунин ба назар мерасад, ки тарзи дигаргунаи баён, судҷӯии огоҳонаву ҳунармандона аз шеваи публитсистӣ, баҳрабарӣ аз забони зиндаи халқ, тасвири равшану мушаххас ва бидуни такаллуфу тасаннуъ ба мушаххасоти услубии Ато Мирхоҷа табдил ёфтааст. Нақли ҳикоягунаи шоирона ё ба истилоҳ шеъри ривоятиро низ ба ин мушаххасот метавон зам кард. Шоир мисли ин ки таҷрибаҳои забонии шоирони муосирро бо таҷрибаҳои забонии шеъри нави имрӯз омезиш дода, сабки хоси худро пайдо кардааст. Калимоту ибораҳои одиву ба назар ғайришоирона ва ҳатто тарзу шеваи гуфтори мардум низ ба сурати табиӣ вориди шеъри ӯ мешаванд. Ин хусусият бо андак дигаргунӣ дар шеъри имрӯзи ҳамзабононамон мушоҳида мешавад ва ҳатто ба ҷараёни хос табдил ёфтааст.

Тасвирҳои шоирона дар шеъри Ато Мирхоҷа фаровонанд. Ин тасвирҳо ғолибан зиндаву равшан ва мушаххас мебошанд, мисли порчаи зерин аз шеъри «Арғушти Ғарибсултон»:

Қаднамоии сарви шуғнонӣ,

Мӯфишонии беди рӯшонӣ,

Ларзиши шохи себи бартангӣ,

Печутоби шамоли вохонӣ

Ҷилваҳои Ғарибсултонанд.

 Дилрабоии чашмаи Дарвоз,

Тозакории гулшани Барвоз,

Ғамзудоии оби Ишкошим,

Як табассум, як эътино, як ноз

Як адои Ғарибсултонанд.

 Ғазали «Дӯст дорамат» низ забону баёни комилан дигар ва латофати хоса дорад. Чунин тасаввур мешавад, ки ба ин шева изҳори муҳаббат кардан дигар куҳнаву такрорист, вале дар ғазали мазкур ин шева тозагӣ ва шоиронагӣ ёфта, тавассути маъниҳо ва тасвиру таносубҳои қавӣ дилнишину нотакрор шудааст. Пайдост, ки шоир мавқеъ ва мавриди корбурди вожаҳову таъбирҳои дархури мавзуъ ва қолаби шеърро нағз медонад. Вақте чаҳорпора мегӯяд, ба тасвири манзараи давру бар ва ривояти сужаи мушаххас мепардозад, аммо вақте ғазал мегӯяд, бештар ба зебоии суварии сухан ва шевоиву фасоҳати калом диққат медиҳад. Ин гувоҳи он аст, ки шоир ба дараҷаи баланди касбият расидааст.

«Боз борон мерасад» низ аз ҷумлаи зеботарин шеърҳои тасвирии ин китоб аст ва бо лаҳни басо дилпазир суруда шудааст. Дар ҳар пораи ин шеър як тасвири зиндаи шоиронаеро мебинем, ки дар ҳарири вожагони зебову чашмрабо чеҳранамоӣ мекунад. Истифодаи дигаргуна аз санъати ташхис аз вижагиҳои хоси ин шеър аст, ки назири онро дар шеъри муосири тоҷикӣ қариб намебинем. Шоир ба аносири мухталифи табиат, чун абру борон ва анвои гулу гиёҳҳо номҳои занона дода, ба ин тартиб дар истифодаи санъати ташхис навоварӣ кардааст. Як банд барои намуна:

Булбул андар Бӯстон имрӯз Булбулшоҳ шуд,

Гул кулаҳ бар сар ниҳоду дар чаман Гулшоҳ шуд.

Офтобо, мавсими Хуршедгул гаштан расид,

Сунбул аз Маҳтоб ҳусн афзуду Сунбулмоҳ шуд!

 Дар чунин шеърҳои тасвирӣ гоҳе шоир ба ҳисомезӣ, ки аз вижагиҳои муҳимтарини сабкӣ ҳиндӣ ба шумор меравад, таваҷҷуҳ зоҳир кардааст, ки ин паҳлуи дигари ҳунари шоирии ӯро нишон медиҳад. Хондани чашмҳо ва шунидани нидои чашмҳо дар мисоли зер баёнгари судҷӯӣ аз ҳисомезист:

Ниҳоят чашмҳоятро дар ин торикии андешаҳо хондам.

Ниҳоят ашкҳоятро дар ин хомӯшии фарёд бишнидам.

Як қисмати асосии китобро манзумаҳо ташкил медиҳанд ва месазад гуфт, ки дар ин қисмат ҳунари шоирии Ато Мирхоҷа боз ҳам бо ҷилваҳои бештар намоён шудааст. Таваҷҷуҳи шоир ба манзума аз оғози кори шоирияш пайдост. Тафаккури бадеӣ ва маҳорати баланди дарёфти ғояи бадеӣ имкон дода, ки дар эҷоди ин навъи шеър комёб шавад ва намунаҳои хеле хуби манзумаро биофаринад. Ба назари мо, манзумаҳои «Фирдавсӣ», «Нафаси дуввум» ва «Достони нуристон» ҳам дар эҷодиёти худи Ато Мирхоҷа ва ҳам дар адабиёти муосири тоҷик дар зоти худ камназиранд ва намунаҳои беҳтарини ин навъи назм маҳсуб мешаванд. «Нафаси дуввум» дар қолаби нимоӣ суруда шуда, забону баён ва фазои шеъри навро дорост. Дар зимни мавзуи асосии ин манзумаи фалсафӣ, ки талошу такопӯ баҳри худсозӣ ва кашфи қудрати ботинии инсон аст, масъалаи ваҳдати адён ва ягонаги инсонҳо сарфи назар аз миллату нажод тарҳ мешавад ва бо пайкари воҳиди шеър тавъам мегардад. Шоир Танро мавҷуде пӯёву гӯё тасвир мекунад, ки зери бори нафсу худкомагӣ кӯфтаву абгор шудааст ва ба нафаси дуввум ниёз дорад, то таровату тавоноӣ биёбад. Манзара ва фазое, ки аз оғоз то поёни манзума тасвир мешавад, барои равшантар ва ҷозибтар зуҳур ёфтани ғояи асосӣ мадад мекунад ва ҳар ҷузъу шайъи истифодашуда низ ғояро қавитару муассиртар мекунанд. Поёни манзума чунин аст:

Ҳар касе ё чизе –

Гар нафасгоҳи худашро ҳамагӣ бикшояд –

Аз вуҷудаш ҳамаи дарду касофат резад.

Он қадар ҷон ба танаш афзояд,

Ки аҷал аз ӯ ҳамчун зи аҷал бигрезад, –

Ӯ чу ҳар қудратманд Ҷовидонӣ гардад,

Бо Худо омезад!

Ин ҷо шеърият дар худи ғояи манзума нуҳуфтааст ва аҷзои дигари он ҳамагӣ ба ҳамин ғоя тобеъ шудаанд ва онро комил кардаанд.

Бояд гуфт, ки на ҳар шоире дар эҷоди анвои бузурги шеър, мисли достону манзума ҳунари дарёфти ғояи хуби бадеӣ дорад. Ин ба вусъати тафаккур, ҷаҳоншиносии фарох ва доираи биниши шоир вобаста мебошад. Дар манзумаҳои дигар Ато Мирхоҷа, аз ҷумла дар «Фирдавсӣ» ва «Достони нуристон» ҳамин гуна ғояи бадеии ҷолибро мебинем, ки нишонрас ифода ёфтааст. «Достони нуристон» як навъ чашмандози дигаргуна ва бархӯрд аз дидгоҳи нав ба користони бузурги Ватанамон – НБО Роғун мебошад, ки дар тафовут аз дигар ашъори ба Роғун бахшидаи шоиронамон, ки бештарашон шиорӣ ва ироаи мустақими мавзуъ аст, имтиёз дорад. Ин манзума тамсилгуна аст ва ин вижагӣ арзиши бадеии онро бештар кардааст.

Тавре ки дар ин мурури кӯтоҳ аён шуд, ҳунари шоирии устод Ато Мирхоҷа гуногунпаҳлу ва чандбуъдист. Дар ҳама анвои шеър ва дар ҳар сабку сиёқе намунаҳои хубу дурахшони шеър дорад. Хонандагонро ба мутолиаи ин китоби хеле хонданиву арзишманд фаро мехонем, то худ ба тамошои ин дунёи зебову рангоранг бинишинанд ва аз суфраи ороста бо нуқлу навои мухталиф чошниҳо бардоранд.

Толиби ЛУҚМОН

Дигар хабарҳо