Тобиши миллии «Мавҷҳои Днепр»

 Тобиши миллии «Мавҷҳои Днепр»

Оғоз

Фолклор ё фарҳанги мардум, ки шомили адабиёти гуфторӣ, расму русум, оинҳову боварҳо ва дигар унсурҳои мардумӣ мебошад, бисёр муҳим буда ва аз қадим то кунун таъсири зиёде дар ҳунар ва адабиёт доштааст. Шоирон ва ҳунармандон аз қадим то кунун дар осори худ аз унсурҳои фарҳанги омма ва адабиёти гуфторӣ дар мазмунофаринии асари худ баҳрабардорӣ кардаанд. “Мавҷҳои Днепр” дар канори достонҳои дигари устод Муъмин Қаноат саршор аз унсурҳои фолклорӣ ва суннатҳои мардумист. Таҷрибаи зиндагии рӯзмарра дар канори мардум, аллаҳои модар, пандҳои падар, расму русуми тоҷикӣ, оинҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ натанҳо ба шакли воҳиди мустақил дар достонҳояш ҳузури барҷаста дорад, балки метавон бо ҷуръат гуфт, мазомин ва муҳтавои достонҳояш, ки тафаккури фалсафии ӯро шакл додааст, низ пайванди ногусастанӣ бо фарҳанги мардум ва адабиёти гуфторӣ дорад.

Устура ва ҳамоса

Дар достони “Мавҷҳои Днепр” ҳарчанд шахсиятҳои устуравӣ ва ҳамосаӣ ангуштшуморанд, пиндорҳои асотирӣ ва аносир ва мазомини устуравӣ бисёр барҷаста аст. Дар ин достон шахсияти устуравию таърихии Доро зикр шудааст. Сипас дар бахшҳое аз достон тафаккур ва пиндорҳои устураӣ, асотири табиӣ, аносире, ки дар тули таърих устура шудаанд ё вожагоне, ки бо басомади боло такрор шудаву табдил ба устура шудаанд, ба чашм мехӯрад, монанди ҳузури аносири обу оташ, замин, нур, офтоб, мафоҳиму хайру шар, ки дар бовари ниёгони мо ҷанбаи устуравӣ доранд. Вожаи модар низ, ки дар ҳамон бахши оғозини достон ҳузур дорад, дар ҳақиқат бо басомади болои такрор дар достонҳои Муъмин Қаноат табдил ба устураи покӣ шудааст. Дар ҳамон бахши оғозини достон “Днепр” ҳамчун “модар”-и Тарас мавриди хитоб қарор гирифтааст.

Эй Днепро, модари поки Тарас!
Назди ту даҳрӯза меҳмон омадам.

Дар боби “Мавҷи одам”, ки ба хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Саидқул Турдиев суруда шудааст, устод Муъмин Қаноат аз устураофаринӣ ва ҳамосаи ҷоннисории ин ҷавонмард ва қаҳрамони тоҷик ёд кардааст, ки бисёр зебост:

Пушт обу пеш оташ, аз ҳаво борони тир,
Дар миёни обу оташ
панҷ фарзанди далер.
Тан ба тан бо лашкаре ҷангид…
Оваҳ, ногаҳон
Тири душман аз билети сурх
                              – аз ҷавшан гузашт,
Аз дили пурхашми тоҷик
                                         – аз дами оҳан гузашт,
Ҳаст дар ёдат, чи сон афтонд ӯро бар замин?..
«Воҳ, модар!» – гуфтаву хоки туро оғӯш кард.
Лаҳзае Модар-Замин қалби ҷавонро гӯш кард
Даргузашт ӯ…
Дар ҳамин дам лашкар аз дарё гузашт.
Байрақи оғуштаи хунро зи нав бардоштанд,
Ҳамчу машъал, раҳнамо болои сар афроштанд.

Зарбулмасал ва мақол

Зарбулмасал ва мақол, ки ба фармудаи устод Бозор Тилавов “қаймоқи сухан” ҳастанд, дар сохт ва тақвияти забон нақши муҳимме доранд. Зарбулмасалҳо ё сохтаи мардуми одиянд ё аз байтҳои шоирони расмӣ ба шакли комил ё бо андаке тағйир миёни мардум роиҷ шудаанд. Дар достони “Мавҷҳои Днепр” низ аз ин жанри фолклорӣ ё ба шакли сареҳ, ё зимнӣ истифода шудааст. Дар боби “Мавҷи пӯлод” то чӣ андоза ба зиндагии мардуми одӣ аҳаммият додани Муъмин Қаноатро метавон равшан мушоҳида намуд. Дар ин бахш зарбулмасали “одамӣ аз гул нозуктару аз санг сахттар” бо андаке тағйир истифода шудааст:

Ман кунун меоварам имон як бори дигар
Назди оташ, назди оҳан, назди марди коргар.
Назди ин ҳикмат, ки бошад рост чун панди падар:
Одамӣ бошад зи гул нозук, зи оҳан сахттар…”.

Зарбулмасали маъруфи “он чи, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест” миёни мардум хеле роиҷ аст. Аз ин мафҳум низ устод Муъмин Қаноат дар шеъри худ ба шакли “худ аён аст, ҳоҷати такрор нест” истифода кардааст.

Албатта, вожаи “такрор” ба ҷои вожаи “баён” ба хотири қофия аст, бо ин вуҷуд вожаи “такрор” ин мафҳуми зарбулмасалро зеботар кардааст:

Ҳамчу фарзандони дарёи равон
Мавҷҳоро қолаби тайёр нест.
Ман зи пушти мавҷҳо афтодаам,
Худ аён аст, ҳоҷати такрор нест…

Суруд, истилоҳот ва вожагони мардумӣ

Боби “Мавҷи суруд” мардумитарин бахш аст ва бо фарҳанги навозандагӣ, ҳофизӣ ва ҳатто суруд, ки яке аз жанрҳои фолклорӣ аст, пайванд дорад. Шоир дар ин бахш бо тасвирҳои зебое аз вижагиҳои суруд, сози мусиқии рубоб, ки гоҳе ба тори қалбу тори мавҷ ташбеҳ шудааст, сухан мегӯяд. Дар ин бахш истилоҳи мардумии “диламро об кард”, “обгаштанҳо”, ки маҷозан ба маънои таслим шудан дар баробари ишқ ё тамоюли зиёд ё сӯзу гудоз аст, ба чашм мехурад:

Бесабаб мардум намегӯяд:
                                      “Диламро кард об
Нолаи танбӯру овози пурасрори рубоб…

Ман ба ин ҳикмат надорам шак, варо санҷидаам,
Як шаби май обгаштанҳои худро дидаам.

Ҳамчунин бархе вожагон низ корбурди муҳовараӣ доранд, ҳарчанд бархе аз ин вожагон дар осори адибони суннатӣ ба нудрат истифода шудааст, имрӯз дар гуфтори мардум ё рубоиёт ва дубайтиҳои мардумӣ бештар истифода мешаванд, монанди вожагони “чӯл”, “қамчин”, “тез”, “бача” ва “оча”.

Оину суннатҳои мардумӣ

Оину суннатҳои мардумӣ шомили фарҳанг, расму русум, ҷашнҳо, боварҳо ва ҳинҷорҳои иҷтимоист, ки чунин аносир дар “Мавҷҳои Днепр” ҳузури густарда дорад. Дар фарҳанги тоҷикон эҳтиром ба волидайн арзиши муҳимме дорад. Ба ҳамин далел аст, ки модар ҷойгоҳи бисёр болое дар достонҳои Муъмин Қаноат касб кардааст. Падар низ, ки соябони хонадон аст, аз назари ҳурмату эҳтиром дар фарҳанг ва тафаккури мардум бисёр муҳим буда ва расми дидор аз падарон ва модарон ва эҳтиром ба онҳо як анъана дар фарҳанги мардуми тоҷик шудааст, дар ин байт чунин андеша ва расму русумро метавон дид:

Омадам бо эҳтирому боварӣ,
Ҳамчу фарзанде ба даргоҳи падар.

Дар достони “Мавҷҳои Днепр” дар боби “Мавҷи саҳро” устод Муъмин Қаноат тасовири зебое аз мардуми деҳқон ва киштукору заминҳои гандумзор ва мардуми заҳматкаш ва гандуму нон ба қалам кашидааст.

Ин нишондиҳандаи тафаккури волои устод Муъмин Қаноат аст, ки то чӣ андоза дилбастаи мардуми худ ва арзишҳои иҷтимоист. Ҷолиб аст, ки забони ин боб, ки дар мавриди мардуми кишоварз аст, хеле ба забони шеъри халқӣ наздик аст.

Мавҷи қулзум, мавҷи гандум буд он,
Ризқи мардум, нони мардум буд он.
Мешиносам, мешиносам бӯи он,
Бӯи ширин, бӯи дерин
бӯи нон.

Мавҷи бародарӣ

Баҷуръат метавон гуфт, ки шоҳкори бобҳои ин достон боби “Мавҷи бародарӣ” аст. Ин боб бо отифаи баланди забони шеърӣ, таркибот ва тасовире, ки баёнгари эҳсоси жарфу амиқи шоирро нисбат ба бародараш нишон медиҳад, суруда шудааст. Тасвирҳои ин боб марбут ба хонаводаи шоир ва бахусус тавсифоти бародараш мебошад, ки иртиботи мустақим ба фарҳанги мардуми тоҷик дорад.

Ба ҳамин далел ин боб миёни мардуми тоҷик хеле роиҷ шудааст. Яке аз вижагиҳои адабиёти гуфторӣ истифодаи беҳтарин шеърҳои бузургони адаб дар миёни мардум аст.

Хеле аз ашъор ва байтҳои шоирони расмӣ дар тули таърих зарбулмасал ё байни мардум роиҷ шудаанд, ки нишон аз маҳбубияти ин шоирон байни мардум аст, монанди байти маъруфи устод Мирзо Турсунзода

“Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун”.

Бахшҳое аз шеъри “Мавҷи бародарӣ” низ чунин вижагӣ дорад, яъне миёни мардуми тоҷик роиҷ шудааст ва ин нишондиҳандаи мардумӣ шудани ин шеър аст.

Ба дида нақши рӯ ту, ба гӯш гуфтугӯи ту,
Ҳанӯз аз димоғи ман нарафтааст бӯи ту,
Ба ҷои дур меравад дилам ҳамеша сӯи ту,
Шудам калону омадам кунун ба ҷустуҷӯи ту,
Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!

Ҳамон тавр, ки дидед, достони “Мавҷҳои Днепр” саршор аз оину суннатҳои фолклорӣ ва мардумӣ аст. Истифодаи шоир аз асотири таърихӣ, табиӣ ва пиндорҳои асотирӣ, зарбулмасалҳо, боварҳои мардумӣ, расму русум, вожагон ва истилоҳоти мардумӣ, ки ҳар кадом ба шакли ҷудогона дар мақола баёну таҳлил шудаанд, ҳузури барҷаста доранд. Истифодаи чунин мафоҳим ва аносири мардумӣ дар достони “Мавҷҳои Днепр”, ки ҳамчун достони дӯстии байни халқҳо дар адабиёти тоҷикӣ маъруф аст, воситае барои шинохти зиндагии мардуми одӣ ва халқҳост. Дар бобҳои “Мавҷи нур”, “Мавҷи саҳро”, “Мавҷи пӯлод”, “Мавҷи суруд” тавсифоти ҷолибе аз шахсият ва хулқу хислати мардуми деҳқон, коргар, мардуми русто, ҳофизону навозандагон ва дастгоҳҳои мусиқии халқӣ дида мешавад, ки худи ин тасовир гувоҳӣ аз андеша ва тафаккури устод Муъмин Қаноат медиҳад, ки то чӣ андоза зиндагии рӯзмарраи мардуми одӣ, боварҳову суннатҳои мардумӣ, ки бахше аз ҳувияти миллии мо ҳастанд, барояш муҳим будааст. Илова бар ин, истифодаи чунин аносир боиси мондагории осори вай миёни мардум шудааст.

Рустами Аҷамӣ

Дигар хабарҳо