Муҳаммад Самӣ. Чашмаи нишот
Шаб ихтиёри ҳукмравоиро ба рӯз надода, аз хоб бедор шудам. Табъам чунон болида буд, ки дар ҳайрат мондам. Аз сидқи дил ба машқи бадан машғул шудам. Дар ҳоле, ки арақ аз сар рӯям мешорид, сачоқи калонро ба сари кифтам партофта, ҷониби чашмаи деҳамон роҳ пеш гирифтам. Ба лаби чашма нарасида ҳаво рӯшан шуд. Олиҳаи ҳусну зебоӣ зарфшӯйӣ дошт. Ҷамолакҳои мӯйи шабрангаш рӯйи шонаҳояш алвонҷ мехӯрданд. Каме наздиктар рафтам. Аз дилам гузашт:
– Ин духтар аз кадом гузари деҳамон бошад? Чаро намешиносамаш?
Духтар ҳузурамро ҳис кард. Аз ҷой баланд шуд. Баргашт ба сӯям. Шинохтамаш. Аз шиддати нишот хостам номашро ба забон биёраму ҳарф паси ҳарф гӯям. Аммо инро дарк карду ангушт ба лаб ниҳод. Мазмун: «Хомӯш бош!». Ҷуз итоат ба фармонаш чора надоштам. Ман аз ногаҳон дидани ҷамолаш худро аз даст дода будам. Моту мабҳут ба вай менигаристам. Табассуми зебо лабони нозукашро ҳусни дигар бахшид. Гуфт:
– Саид, ин субҳи барвақт ба суроғи кадом гумкардаат баромадӣ?
Оҳанги гуфтораш маро шерак намуд. Аммо ҳарфе ба забон овардан бароям муяссар нашуд. Зеро дар як деҳа зиндагӣ кунем ҳам, аввал бо чашми дил ба ӯ менигаристам ва дарёфтам, ки дар ин қадоба, шояд фаротар аз он ба ҳусну сурат назираш пайдо наояд. «Кӯр будаам то ин дам», – гузашт аз дилам. Билохира, худро ба даст гирифтаму пурсидам:
– Суман нестӣ?
– Шинохтӣ, – посух духтар ва ширин хандид. Дандонҳои сафедаш барфро изо медод.
– Бори аввал дидам, ки мӯятро ҷамолак бофтаӣ, – ҳарфи муносибе наёфта, гуфтам ман.
– Хушат омад?
– Натанҳо мӯят. Фариштаро мемонӣ.
Медидам, ки ба гунаҳояш чӣ гуна сурхӣ медавад.
Бо каме таваққуф гуфт:
– Муболиға мекунӣ.
– Он чи дил амр мекунад, ҳамон ба забон меояд. Мегӯянд, ки саҳархезӣ файзро подош меорад. Акнун бовар кардам.
Духтарро боз гули ханда бар лабон шукуфт:
– Саҳархезиро одати худ бикун.
Инро гуфту сатилро аз оби мусаффои чашма пур кард ва дар ҳоле, ки аз чашмонаш меҳр меборид, нигоҳашро ҳадя намуду рафт. Баъди ин хоб роҳи худро ба хонаи чашми ман фаромӯш кард…