Номаи табрикии ИНТ ба Сироҷиддин Қосим
Муҳтарам Сироҷиддин Қосим !
Шумо баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома дода, ибтидо бо ихтисоси муаллими таърих (1972) ва баъдан ҳамчун ҳуқуқшинос (1986) онро хатм намудед. Солҳои 1972-1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ хидмати низомиро адо кардед. Солҳои 1973- 1980 дар мактаби миёнаи № 26 ноҳияи Маскав ба ҳайси омӯзгор кор карда, фаъолияти кории минбаъдаи худро аз соли 1981 то соли 2007 дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ идома додед. Дар бахшҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амният хизмат карда, то рутбаи полковники милитсия расидед. Фаъолияти эҷодиро аз навиштани очерку мақолаҳои детективӣ дар мавзуи кору пайкори пурзаҳмати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат шуруъ намудед. Намунаҳое аз ҳикояву очерку қиссаҳои детективии Шумо дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғайра ба табъ расидаанд. Китоби «Дар нимашаб (1999)-и Шумо аз заҳмату рӯзгори ноороми кормандони милитсия ва ошкор сохтани ҷиноятҳо аз ҷониби фидоиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳикоят мекунад. Дар асари «Қоидаҳои занҷири соати кисагӣ» (2003) паҳлуҳои мухталифи рӯзгори ашхоси ношоиста ва манфиатпарастро, ки барои расидан ба ҳадафи нопокашон аз ягон кирдори зишт ва рафтори номуносиб рӯй намегардонанд, равшану муътамад тасвир намудаед. Китобҳоятон «Зиндонии ихтиёрӣ», «Килки тақдир» ва «Пораҳои зиндагӣ» истиқболи гарм ёфтанд. Филмномаҳои детективии офаридаи Шумо «Парвандаи № 2614», «Васвасаҳои марговар», силсилаи «Набарди вопасин» ҷавҳари волои ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ дошта, роҳи душвори расидан ба истиқлолиятро тасвир менамоянд. Хидмати Шумо бо медалҳои соҳавӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст. Фарорасии 75-уми солгарди умри парбаракатро ба Шумо сидқан табрик гуфта, сиҳатмандии комил ва саодати ҳамешагии рӯзгор таманно дорем.
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН