Номаи табрикии ИНТ ба Равшан Замир
Муҳтарам Равшан Замир!
Шумо ҳарчанд хатмкардаи риштаи табиатшиносии Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳастед, вале тамоми умри худро ба адабиёт ва пешаи рӯзноманигорӣ пайвастаед. Зеро аз оғози кӯдакӣ меҳри гарми суханро дар дил парвариш медодед ва ин меҳр батадриҷ афзунтар шуду Шуморо ба кӯи сухан овард.
Дар ибтидои фаъолияти рӯзноманигорӣ хабарнигори рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») дар вилояти Суғд будед ва баъдан дар Кумитаи телевизион ва радиои вилоят пурсамар кор кардед. Фаъолият дар рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» ва мухбири минтақавии ҳафтаномаи «Минбари халқ» буданатон низ таҷрибаи Шуморо дар ин масир ғанитар кард.
Ҳамзамон бо фаъолияти рӯзноманигорӣ ба эҷоди асарҳои насрии бадеӣ низ дилгармона машғул будаед ва ҳамчун нависанда дар ҳавзаи адабии вилояти Суғд соҳибном шудаед.
Китобҳои «Ашки осмон», «Мағзи ҷон», «Чашми бад», «Аз Хуҷанд то Макка», «Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман», «Ҳамнаво бо субҳ», «Ситораи сапедадам», «Офтоби дили падар», «Нақш дар оинаи дил», «Роҳ ба водии рӯшан», «Уқобони парвозӣ», «Поктар аз домони субҳ» ва ғайра гувоҳи пуркорӣ ва пурмаҳсулии Шумо дар ин роҳанд.
Хидматҳоятон дар соҳаҳои рӯзноманигорӣ ва адабиёт бо ҷоизаҳои ба номи Раҳим Ҷалил, Ҳоҷӣ Содиқ ва нишони «Сухан» қадрдонӣ шудаанд. Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед.
75-умин солгарди умратонро шодбош мегӯем ва ба Шумо тандурустии бардавому саодати мустадом таманно мекунем.
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН