ҚУРБОНОВА СИТОРА
СИТОРА 1 июни соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд ёфтааст. Соли 1977 мактаби №3 ноҳияи Вахшро хатм карда, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст.
Пас аз хатми донишгоҳ, аз соли 1981 то 2000, мухбири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» будааст. Аз соли 2000 то 2003 мудирии шуъбаи адабиёт ва фарҳанги маҷаллаи «Фирӯза»-ро бар уҳда доштааст. Аз соли 2003 машғули фаъолияти озоди эҷодист.
Аз овони мактабхонӣ ба навиштани шеър оғоз кардааст. Намунаҳои ашъораш дар матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои алоҳидаи «Шохаи арғувон» (1986), «Халосӣ ёфтан…» (1990) ва «Зуҳури сонӣ» (2002) ба табъ расидаанд.
Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2002).
Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.