РАҶАБ ҚУРБОНАЛӢ

 РАҶАБ ҚУРБОНАЛӢ
ҚУРБОНАЛӢ РАҶАБ 1 марти соли 1925 дар деҳаи Парвори ҷамоати деҳоти Дараи Калот (ҳозира Ҷомбахт)-и ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Ҳамроҳи аҳли хонаводаашон муддате дар ноҳияи Темурмалик ва шаҳрҳои Кӯрғонтеппаву Кӯлоб зиндагӣ кардааст.
Солҳои 1942-1944 дар набардҳои ҶБВ ширкат варзида, баъди захмӣ шудан ба зодгоҳаш баргаштааст. Аз соли 1956 ба шеъргӯйӣ шуруъ кардааст. Шеърҳои аввалинаш «Порча аз таърихи Кӯлоб» ва «Ҷамъомади бангиён» мебошанд. Солҳои 1962-1963 дар асоси ривояти ӯ ду ҷилди ҳамосаи мардумии «Гурӯғлӣ» сабту чоп шудааст.
Дар сабки эҷодиёти шифоҳии мардум шеър мегӯяд ва соҳиби китоби ашъори «Таронаи дил» (1976), «Суруди замин» (1982), «Шаршара» (1986), «Ситораи Вахш» (1991), «Ҳафтранг» (1995), «Дили фирорӣ» (1997), «Нақши қалам» (2006), «Достони Хоҷӣ-Ёқуби Кӯлобӣ» (2006), «Бо шеър ҷовидонам» (2006), «Асои роҳ» (2006), «Як каф дуо», «Алвидоъ», «Достони замон», «Китоби охирин» (2012) ва «Фурӯғи пирӣ» (2012) мебошад.
Шеъраш равон, суханаш қавӣ, матлабаш равшан буда, мудом бо назм ҳарф мезанад. Ҳамчун узви фаъоли маҳфили адабии «Чилчанор» дар тарбияи ҷавонони навқалам ҳиссагузорӣ мекунад.
Бо чанд ордену медали ҳукуматӣ ва мукофоти хотиравӣ қадр шудааст.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Қурбоналӣ Раҷаб 10 октябри соли 2018 дар синни 93-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Дигар хабарҳо