САФАР ҒАФФОРАЛӢ

 САФАР ҒАФФОРАЛӢ
ҒАФФОРАЛӢ САФАР 27 январи соли 1950 дар деҳаи Пуштаи Беди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №1 ноҳияи Маскав (1968) вориди факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шуда, соли 1972 хатмаш кардааст. Солҳои 1972-1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Баъдан дар мактабҳои миёнаи ноҳия ва рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятии «Зафар» ва «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (ҳозира «Хатлон») кор кардааст. Ҳоло мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯргонтеппа ба номи Носири Хусрав мебошад.
Шеъру ҳикоя ва латифаву таронаҳояш дар матбуоти вилоятию ҷумҳуриявӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъии «Навсафар» (1997), «Хордаста» (1987), «Оҳанги дил» (2001), «Шукуфаҳои Хатлон» (2003) ва ғ. ба табъ расидаанд. Офаридаҳояшро дар китобҳои «Гушвора» (1988), «Фоидаи тағо» (1989), «Намаксанг», (1991), «Роҳдавак» (1991), «Ноҳияи Маскав – 50 сол» (1999), «Муборакбодӣ» (2000), «Аз мутоиботи удабо» (2008), «Панҷаи овоз» (2014) пешкаши ҳаводорони камоли бадеъ гардондааст.
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
15 марти соли 2018 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо