САФАР НАЗОКАТ
НАЗОКАТИ САФАР 1 октябри соли 1966 дар деҳаи Навободи ноҳияи Данғара ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983 мактаби миёнаи деҳа, соли 1998 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Муддате дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст. Дар китобхонаи ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе мудири шуъбаи бачагона будааст.
Намунае аз ашъораш дар матбуоти даврӣ, кутуби дастҷамъӣ ва маҷмӯаҳои «Туро мехоҳам, ай дунёи розам» (1995) ва «Накҳати гули роз» (ҳамроҳи шеърҳои падари шодравонаш Ҳайиталии Ҳақназар, 1997) ба табъ расидаанд.
Соли 1997 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Назокати Сафар моҳи июни соли 2019 дунёро падруд гуфт.