Ҷавонони саодатманди тоҷик

 Ҷавонони саодатманди тоҷик

Дар доираи нақшаи муштараки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба тақвияти фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва адибону рӯзноманигорон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷаласа доир гардид.

Дар кори ҷаласа муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода, роҳбари дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фаридун Ҳусензода, муовини раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Суруши Доробӣ ва раиси филиали ИҶТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нусратулло Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо пешниҳод ва овоздиҳии ҳайати кормандон, намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро Бузургмеҳри Ҳаким (раис) ва Сурайё Аҳмадзода (муовин) бар уҳда гирифтанд.

Зимнан, аз ҷониби масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, вобаста ба фаъолият ва вазифаҳои оинномавии ИҶТ маълумоти муфассал пешниҳод шуд. Дар интиҳои кори ҷаласа фаъолон бо сипосномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Чанде пеш, ки силсилаи китобҳои нахустини адибони ҷавони кишвар: «Равзанаи саҳар»-и Шаҳриёр Олим, «Оташак»-и Сурайё Аҳмадзод, «Каъбаи имони сабз»-и Абдуманнони Хаммор, «Ба номи ишқ»-и Нурӣ Муҳаммади Истам ва «Як сабад умед»-и Хуршед Эҳсон таҳти унвони «Шукуфаҳои Истиқлол» бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода интишор ёфта буд, дар ин чорабинӣ рӯнамоӣ гардид ва муаллифон шеърҳои худро қироат карданд.

Адабиётшинос Мисбоҳиддин Нарзиқул ва мудири бахши нақду адабиётшиносии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳриддин Сабурӣ роҷеъ ба китобҳои тозанашри адибони ҷавон изҳори назар намуданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода, мудири бахши насри ИНТ Сироҷиддин Икромӣ, шоир ва донишманд Давлати Раҳмониён ва доктори илми филология Нуралӣ Нурзод ба ин маҷмуаҳо пешгуфторҳо навиштаанд.

 Б. ТОҶИДДИН, «АС»

Дигар хабарҳо