Камол Насрулло: «Оҳ, соҳибватан, акнун Ватани худ мебош!»
Камол НАСРУЛЛО
СУХАНИ ХУД МЕБОШ
Оҳ, соҳибватан, акнун Ватани худ мебош!
Самари худ, гуҳари худ, чамани худ мебош!
Мисли як сабза, чу як гул зи худат берун ой,
Вораҳида зи бадан, пераҳани худ мебош!
Мисли як бози фалакгир бишав боз аз худ,
Боли парвози мутантан ба тани худ мебош!
Мисли як рӯд ба худ мавҷзанон тоза бишав,
Пайки шодобии дашту дамани худ мебош!
Боли парвози уқобон ба сухан мебахшо,
Шаҳпар андеша намову сухани худ мебош.
Мева дорад ҳама нахле, ки надорад мева,
Ҳосили мост сафо, норвани худ мебош!
ҲАР СУБҲ БИХЕЗУ…
Ҳар субҳ бигӯ ба хеш:
Ман хоҳам буд!
Чун зарраи хоки ин Ватан хоҳам буд!
Чун сабза канори ҷӯйи шодоби ҳаёт,
Бо майсаву ёсу ёсуман
Хоҳам буд!
Ҳар субҳ бигӯ ба хеш:
Оре, ҳастам!
Дилро чу чароғ мебарам дар дастам!
Ҳар бор ки ҳирс пою дастамро баст,
Чун савт зи тор-тори худ ворастам!
Ҳар субҳ бихезу бин, ки олам зебост!
Ҳар ҳукм, ки ояд ба сарат, ҳукми Худост!
Заҳраш чу ба ком рафт, қанд ангораш,
Андешаи нек қуввати ҳастии мост!
Ҳар субҳ бигӯ ба хеш:
Ман хоҳам буд!
То охири умр бешикан хоҳам буд,
Дар дашти фироқу ҷодаҳои ҳиҷрон
Умре ба набарди тан ба тан хоҳам буд!
СУБҲУ ШОМАТ БА ХАЙР!
Субҳу шомат ба хайр, зй духтар!
Эй шукуфта чу лолаи аҳмар!
Эй дамида чу наргиси ҷоду
Зери чатри шаҳомати абрӯ.
Бо дили пок, эй сияҳҷурда,
Ҳеҷ гоҳе мабош афсурда.
Ман дар ойинаи зулоли ту,
Дар дили чашмаи ҳалоли ту
Як ҷаҳони гуҳарфишон дидам,
Файзу иршоди осмон дидам.
Бо ҳамин нусрати ғазалрезат,
Бо ҳамин қомати асалрезат,
Пора кун, пора ноумедиро,
Бар ба ҳар ҳарфи худ сапедиро,
Кош бошад сафед иқболат,
Ғуссаву дард бод помолат
Ин ҷаҳоне, ки ҳеҷ чизе нест,
Пеши ту қимати пашизе нест,
Пойандози пеши поят бод,
Ишқи Додор раҳкушоят бод!
Субҳу шомат ба хайр, эй духтар!
Ман ба бахти ту мекунам бовар.
ЧӢ КАРДӢ?
Маро то бекарон бурдӣ… Чӣ кардӣ?
Ба ҳафтум осмон бурдӣ…Чӣ кардӣ?
Маро бе болу пар, гӯ, бо чӣ эъҷоз
Фарози каҳкашон бурдӣ? Чӣ кардӣ?
Чунин эъҷозро ҳаргиз надидам,
Ки ҷон додиву ҷон бурдӣ, чӣ кардӣ?
Шудам оҳу шудам моҳу шудам раъд,
Маро то ломакон бурдӣ, чӣ кардӣ?
Шудам моҳӣ ба дарёи зулолат,
Ба он рӯди равон бурдӣ, чӣ кардӣ?
Заминамро шукӯҳу арҷ додӣ,
Фаросӯи замон бурдӣ, чӣ кардӣ?
Ба он болои нопайдо расидам,
Ба он умқи ниҳон бурдӣ, чӣ кардӣ?
Дар он ҷойе, ки ҳоҷат бар сухан нест,
Хамӯшу безабон бурдӣ, чӣ кардӣ?
Набудам дар вуҷудам чашмае беш,
Ба дарёи дамон бурдӣ, чӣ кардӣ?
ОЁ ХУДИ МО НЕ?
Кӣ бар кирдори мо гӯяд ҷавоб? Оё худи мо не!?
Кӣ кард ин роҳу рӯро интихоб? Оё худи мо не!?
Кӣ кард обу ҳавомонро чунин пургарду заҳрогин?
Заминҳоро кӣ кард охир хароб? Оё худи мо не!?
Шикоят мекунем аз н-одамиву нокасиву ҷаҳл,
Кӣ овард ин ҳама дарду азоб? Оё худи мо не!?
Кӣ моро кард побанди хурофоту таассубҳо?
Кӣ моро баст андар ин таноб? Оё худи мо не!?
Кӣ бепарвову бетафриқа буд, аз мо канор истод,
Гирифта бар даҳон ҳар лаҳза об? Оё худи мо не!
Чунон ғӯтида мо дар ҷоҳи ғаждоби маҳалбозӣ!
Кӣ берунмон барад з-ин умқи ғоб? Оё худи мо не!?
Кӣ мерезад ба дӯши мо ғабову ғадри оламро?
Ҳама ҷо рашку кина, изтироб…? Оё худи мо не!?
Кӣ моро дошт саргум андар ин гирдоби нафси бад?
Кӣ меёбад сару нӯки ҳисоб? Оё худи мо не!?
Сиришти мо пур аст аз кинаву бухлу ҳасад, чун мор,
Кӣ моро дод ин сон печутоб? Оё худи мо не!?
Ҷаҳон шуд хонабардӯшу замона инфиҷорӣ гашт,
Сабаб оё бувад наҳси ғуроб? Оё худи мо не!?
Аз оби дидаи худ ғарқ дар лойи азоб астем,
Кӣ месозад раҳо аз ин сароб? Оё худи мо не?
Кӣ моро мебарад пайваста бар коми фанову фавт?
Шитоб андар шитоб, андар шитоб? Оё худи мо не!?
Худо, вақте ки моро сохт, оё мақсадаш ин буд?
Раҳи бадро кӣ бинмуд интихоб? Оё худи мо не?
Ҳидоятмон кӣ кард оё, ки то айбу гуноҳонро
Ниҳон дорем дар пушти ҳиҷоб? Оё худи мо не?
Шикоят мекунӣ аз давру даврону Худо, сад дод,
Кӣ мегӯяд ба ҷои мо ҷавоб? Оё худи мо не!?
БОРОН, БИШӮ, БОРОН, БИШӮ!
Борон, бишӯ, борон, бишӯ
Аз сина ғамҳои маро!
Борон, бубар, борон, бубар
Дарду аламҳои маро!
Эй қатраи поки фалак,
Ин субҳ роҳамро бишӯ,
Эй пок чун ашки малак
Резу гуноҳамро бишӯ.
Дар он булӯри қатраҳо
Пайке аз афлокам биёр!
Аз он Худои меҳрубон
Як муждаи покам биёр!
Борон, бишӯ, борон, бишӯ,
Аз сина ғамҳои маро,
Борон, бишӯ, борон, бишӯ,
Доғу аламҳои маро…