ГУЛЗОДА АСАД

 ГУЛЗОДА АСАД

АСАД ГУЛЗОДА (Бухороӣ) 5 январи соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пашакӯҳи вилояти Бухоро таваллуд ёфтааст.

Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш, маълумоти олиро дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе соҳиб гардидааст.

То соли 1968 дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро, то соли 1955 дар Бахши тоҷикии Ширкати телевизиону радиошунавонии вилояти Бухоро фаъолият доштааст.

Ҳоло машғули кори эҷодист.

Асосан барои кӯдакону наврасон менависад.

Маҷмӯаҳои шеъраш дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд, ки «Насими Бухоро» (2001), «Хатти пешонӣ» (2003), «Бухоро» (2004) ва ғ. аз хамин қабиланд.

Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Асад Гулзодаи Бухороӣ 29 майи соли 2023 вафот кард.

Дигар хабарҳо