ГУЛБАҲОР

 ГУЛБАҲОР

ГУЛБАҲОР (Гулбаҳор Мирзоева) 12 марти соли 1959 дар шаҳри Душанбе, дар хонадони Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо, ба ҷаҳон омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна дар шуъбаи тарҷумонии Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) таҳсил кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар маҷаллаи «Помир» шурӯъ намудааст.

Алҳол дар Фаронса кору зиндагӣ дорад.

Ба забони русӣ эҷод мекунад.

Намунаҳои ашъораш дар маҷмӯаҳои «Шифо» (1983), «Саҳро гули ришқа» (1989) ва ғ. чоп шудаанд.

Шеърҳои алоҳидааш дар мутбуоти Русия ба табъ расидаанд.

Солҳои охир ба офаридани филмҳои мустанад шуғл меварзад, ки «Норак бидуни афсона», «Падарон», «Тори симин» ва ғ. аз он шумуланд.

Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо