ВОРИС
ВОРИС (Калонов Ӯрун Назарович) 13 октябри соли 1962 дар деҳаи Сурхакчашмаи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст.
Таҳсилоти ибтидоиро дар деҳа фаро гирифта, баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (1981) вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1985 ба итмом расондааст.
Дар оғоз, муддате, дар мактаби №56 ноҳияи Ҳисор муаллимӣ карда, сипас дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба фаъолияти журналистӣ пардохтааст.
Чанде дар ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» ҳам кор кардааст.
Сипас ба радио гузашта, солиёне сармуҳарририи идораи «Адабиёт ва ҳунар»-ро бар уҳда доштааст.
Айни замон сармуҳаррири «Симои мустақили Тоҷикистон» ва ҳафтаномаи «Ҳамроз» аст.
Аз аввали солҳои навадуми асри гузашта ба майдони адабиёт ворид омада, нахустин маҷмӯаи шеърҳояш «Рози бараҳнагӣ» соли 1998 ба чоп расидааст.
Дувумин маҷмӯаи ашъораш «Ҷоми гӯё» соли 2001 манзури хонандагон гаштааст.
Китобе, ки шоирро густардатар муаррифӣ кардааст, «Дар чор фасли лаҳзаҳо» мебошад, ки соли 2008 чоп шудааст.
Шоирест, ки дар баробари таҷриба кардани шеъри суннатӣ майли бештаре ба шеъри сапеду озод дорад ва дар ин самт аз шоирони муваффақ ба ҳисоб меравад.
Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.