ВОЛӢ

 ВОЛӢ

ВОЛӢ (Эгами Назрулло) 25 октябри соли 1950 дар деҳаи Сангчашмаи ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст.

Соли 1967 мактаби миёнаи деҳа, соли 1982 Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣро хатм кардааст.

Солҳои 1973-1980 муаллими синфҳои ибтидоӣ, солҳои 1980-1993 корманди шуъбаи маорифи ноҳия будааст.

Аз соли 1993 машғули соҳибкорист.

Асарҳояш аз соли 1983 чоп мешаванд.

Соҳиби маҷмӯаҳои «Ба ҷӯи нав об омад» (1983), «Дар хона баҳорам ҳаст» (1999), «Асо чӣ сеҳр дорад?» (2002, 2012), «Аз дафтари Азиза» (2003), «Таҳи кулоҳ чӣ бошад?» (2007), «Саду як ғазал» (2008), «Достони Имоми Аъзам» (2009), «Ай дӯст, куҷоиву куҷоӣ?» (2012) мебошад.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эгами Назрулло 27 январи соли 2024 аз дунё гузашт.

Дигар хабарҳо