ШОКИРЗОДА САТТОР

 ШОКИРЗОДА САТТОР

САТТОР ШОКИРЗОДА 1 январи соли 1928 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ зода шудааст. Соли 1969 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар колхозҳои ноҳия муҳосиб буда, чанде муовинии раиси колхози Ленинро бар уҳда доштааст. Муддате раиси деҳшӯрои Арали ноҳия будааст. Дар баробари ин, пайваста машқи шеър мекунад.

Ашъораш дар китобҳои «Насими саҳро» (1964), «Соати доно» (1965, барои бачаҳо), «Таронаи саҳро» (1981) ва «Файзи замин» (1986) чоп шудаанд.

Бо нишону ифтихорномаҳои замон тақдир шудааст.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

4 марти соли 2006 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо