ҶАББОР МУРОДАЛӢ
МУРОДАЛӢ ҶАББОР (Ятимов Муродалӣ Ҷабборович) соли 1972 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1979 ба синфи якуми мактаби миёнаи №71 ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) рафта, соли 1989 ба итмом расондааст. Солҳои 1989-1990 коргари Бунгоҳи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Ҳисор будааст. Соли 1990 донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1995 соҳиби маълумоти олӣ гардидааст. Пас аз хатми донишкада соле дар мактаби миёнаи №71 омӯзгорӣ, аз октябри соли 1996 то вафоташ дар идораи адабиёт ва ҳунари Радиои Тоҷикистон муҳаррирӣ кардааст.
Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Тӯшаҳои сабзи биёбон» (2004), «Новеллаҳо» (2002) ва «Дурахши сароб» (2005) аст.
Аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
25 марти соли 2006 аз олам даргузашт