ЧАРОҒАБДОЛ АЛИДОД

 ЧАРОҒАБДОЛ АЛИДОД

АЛИДОДИ ЧАРОҒАБДОЛ 14 феврали соли 1960 дар деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таваллуд ёфтааст. Соли 1981 факултаи умури китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, дар вазифаҳои методисти кабинети методии идораи фарҳанги Ҳукумати ВМКБ, мудири шуъбаи методии Китобхонаи вилоятӣ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев фаъолият бурдааст. Солҳои 1982-1983 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ адои хидмат кардааст. Ҳоло директори Китобхонаи вилоятии ВМКБ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамзамон, мушовири бахши Бадахшонии ИН Тоҷикистон мебошад.

Муаллифу мураттиби китобҳои «Адибони ҷавони Бадахшон» (1990), «Ширин Бунёд» (1991), «Профессор Гулаҳмад Раҳмихудоев» (1995), «Аноятбек Қосимбеков» (1996), «Забоншинос Карамшоҳ Додихудоев» (2002), «Тазкираи адибони Бадахшон» (дар ҳаммуаллифии Ширин Бунёд ва Лаълҷубаи Мирзоҳасан, 2005), «Одами тиллоӣ» (дар ҳаммуаллифии Ато Мирхоҷа, 2011), «Васлгари дилҳо ва вассофи ваҳдат» (2011) аст, ки дар муассисаҳои нашаротии гуногуни ҷумҳурӣ чоп шудаанд.

Намунаҳои ашъораш дар матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъии «Дар тулӯъгоҳи Офтоб», «Нури зиё», «Нерӯи қалб», «Баёзи меҳр», «Корномаи падарон», «Омӯзгори асил», «Соҳибэҳтиром», «Гулбонги Истиқлол», «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз» ва китобҳои алоҳидаи «Падидаи роҳ» (2004) ва «Сабоҳи мардон» (2011) ба табъ расидаанд.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста» ва ифтихорномаҳои ҳукумативу соҳавист.

Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Алидоди Чароғабдол 7 феврали соли 2019 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо