ҲАБИБ ПАРДА
ПАРДА ҲАБИБ 23 августи соли 1962 дар деҳаи Маҳмадшоҳи Поёни деҳшӯрои Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд ёфтааст. Нахуст мактаби ибтидоии ба номи Розия Озод, сипас мактаби миёнаи №43 зодгоҳашро ба итмом расондааст. Солҳои 1979-1986 дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе таҳсил карда, солҳои 1983-1985 сарбози Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ будааст.
Фаъолияти меҳнатиро соли 1979 ба ҳайси ходими адабии маҷаллаи «Машъал» оғоз намудааст. Соли 1986 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст. Аз соли 1987 рӯзноманигори Радиои Тоҷикистон, солҳои 1996-2008 хабарнигор, шореҳи сиёсӣ, мудири шуъба ва муовини аввали сармуҳаррири «Садои мардум», соли 2007 сармуҳаррири нашрияи «Набзи Тоҷикматлубот» будааст. Аз соли 2008 муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мебошад.
Ширкатвари курс-конфаронси адибони ҷавони Тоҷикистон (1982, 1986), адибони ҷавони Осиёи Миёна ва Озарбойҷон (1989).
Китоби аввалинаш «Қаламчаи ток» соли 1990 ба табъ расидааст. Минбаъда ашъораш дар китобҳои «Шеъри оштӣ» (1999), «Пораи вақт» (2001), «Риштаи нур» (2005), «Сояи сафед» (2012) ба дасти хонандагон расидаанд.
Силсилаи ашъори шоирони рус В. Жигулин ва Л. Шипахина, адибони белорус, туркман ва ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст. Роҷеъ ба ашъори Гулназар, Низом Қосим, Сайёди Ғаффор ва масоили шеъри муосири тоҷик пажӯҳиш анҷом додааст.
Маҳсули фаъолияти рӯзноманигории ӯ дар китобҳои «Судя», «Устод», «Фурӯғи субҳ», «Хотираҳои сабзи падар», «Зиндагиномаи Эшони Домулло Ҳабиб», «Хирад» ва ғ. интишор ёфтаанд.
Барои китоби шеърҳои «Риштаи нур» соли 2009 сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст. Соли 2014 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон.
Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.