ХУДОЙДОДЗОДА БОБОЮНУС

 ХУДОЙДОДЗОДА БОБОЮНУС

БОБОЮНУС ХУДОЙДОДЗОДА 9 феврали соли 1875 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Падараш марди камбағале буда, дар шӯриши Восеъ иштирок доштааст.

Аз ҷавонӣ ятим монда мардикорӣ мекардааст. Соли 1916 барои кор дар ақибгоҳи аскарони рус ба Русия фиристода шуда, Инқилоби Октябрро соли 1917 дар Тошканд пешвоз гирифтааст, ки достонҳои ӯ «Революция» ва «Дар бораи Ленин» зодаи ҳамон айёманд.

Соли 1919 ба зодгоҳаш баргашта, дар бунёди ҳаёти нав ҳисса гузоштааст. Аз аввалин аъзои колхози навташкил буда, дар муборизаи зидди босмачиён иштирок доштааст. Яке аз бунёдкорони роҳи мошингарди Сталинобод- Кӯлоб будааст.

Дар мактаби шеъру суруди халқӣ ба воя расида, дар бистсолагӣ «Гурӯғлӣ»-ро азбар кардаву дар байни мардум ҳунарнамоӣ мекардааст. Сурудҳои эҷодкардаашро хонда бойҳои бераҳмро ҳаҷв карда, мардумро ба ҳаётдӯстӣ ва азму талош даъват менамудааст.

Гӯяндаи мумтози қиссаҳои «Оймаҳмад», «Ҳотам», «Кар», «Гулъизор», «Шаҳри Мунг» ва ғ. будааст.

Дар замони нав истеъдоди ӯ дар сурудани шеърҳои созгори замони нав комилтар гардида, ҳар падидаи тоза ӯро ба илҳом меовардаву сурудаш ба атроф болу пар мекушодааст.

Шеърҳои патриотии «Дар бораи Таня», «Сафар Амиршо», «Баҳодурони шаҳри Ленин», «Муҳаммадӣ Иброҳимов» ва ғ. дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шудаанд.

«Достони Восеъ» аз муборизаи ҷасуронаи мардуми далери куҳистони кишварамон барои бахту саодату озодӣ қисса мекунад.

Сурудаҳои ӯ дар китобҳои алоҳида, аксаран, фолклорӣ, ҷамъоварӣ ва чоп шудаанд. Чанде аз офаридаҳояш ба русӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.

Аз соли 1941 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

27 майи соли 1945 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо