ХОҶА ТӮЛҚИН
ТӮЛҚИН ХОҶА 17 сентябри соли 1956 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, соли 1973 шомили ҳунаристони киномеханикҳо шудааст. Пас аз итмоми он муддате дар идораи кинонамоишдиҳӣ кор кардааст. Соли 1974 вориди шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, ҳамзамон, то хатми он, дар заводҳои хишту семент ва мактаби №59 пойтахт коргариву омӯзгорӣ кардааст.
Солҳои 1979-2000 дар макотиби гуногуни ноҳияи Данғара аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Баъдан дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон хабарнигор будааст.
Аз овони кӯдакӣ шеър мегуфт. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Шамолдара» соли 1989 чоп шудааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Озар» (2000), «Ниёиш» (2002), «Захми нигоҳ» (2004) ва «Хоки баланд» (2014) аст.
Аълочии маорифи Тоҷикистон.
Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
4 апрели 2012 аз олам даргузашт.