ФОФАНОВА МАРИАННА
МАРИАННА ФОФАНОВА 21 октябри соли 1921 дар Заводи Пудеми Удмурдистон ба ҷаҳон омадааст. Дар факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Свердловск таҳсил кардааст. Солҳои ҶБВ ҳамшираи шафқат будааст. Соли 1943 ба Тоҷикистон омада, дар корхонаҳо кор кардааст. Баъдан хабарнигори рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» будааст. Соли 1949 Донишгоҳи адабиёти ба номи М. Горкийро хатм карда, хабарнигори «Литературная газета» дар Осиёи Миёна таъин шудааст. Аз соли 1951 мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1968 мудири шуъбаи назми моҳномаи «Помир» будааст.
Аввалин шеъру тарҷумаҳояш аз соли 1944 пайдо шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Нишонаҳои роҳ» (1953), «Офтоби кӯҳистон» (1957), «Роҳи сафед» (1957), «Боди аср» (1961), «Нақши таваллуди ту» (1964), «Ҳисси ҳафтум» (1968), «Мунтахабот» (1971), «Борони баҳорон» (1980), «Дар остонаи курраи арз» (1982), ва ғ., достонҳои «Дараи Варзоб», «Дар роҳ», «Салом, Лутфия!», «Боди аср» ва силсилаи таронаҳои «Норакидухтар» мебошад.
Ашъору гулчини тарҷумаҳояш дар дуҷилдаи «Суруди муҳаббат», ки нашриёти «Молодая гвардия» (Маскав) соли 1972 чоп кардааст, фароҳам омадаанд.
Шеърҳои бисёре аз шоирони тоҷикро ба русӣ гардондааст.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Аз соли 1953 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.