ФАРХУНДА

 ФАРХУНДА

ФАРХУНДА (Саъдуллоева Ҳайитгул) 10 январи соли 1955 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Соли 1972 мактаби миёнаи №17 зодгоҳашро ба поён расонда, ду сол дар хоҷагии кишоварзӣ кор кардааст. Соли 1974 вориди факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1979 ба итмом расондааст.

Аз овони наврасӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, чакидаҳои хомааш дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ» ва маҷаллаи «Машъал» бо пешгуфтори устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мавҷуда Ҳакимова ба табъ расидаанд.

Солҳои 1979-1983 методисти шуъбаи фарҳанги Ҳукумати ноҳияи Ашт, 1983-1984 муҳаррири нашрияи «Китоб ва омма»-и Ҷамъияти дӯстдорони китоби Тоҷикистон, 1984-1998 корманди идораи манзили ноҳияи Шоҳмансур, 2000-2005 сардабири ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила», 2005-2010 хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» будааст. Аз соли 2010 корманди нашриёти «Истеъдод» аст.

Ашъораш аз соли 1970 то имрӯз дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъии «Парасту» (1980) ва «Риштаборон» (1984), гулчинҳои ашъори муаллиф «Пероя» (1991), «Оинаи ҳамроз» (1998), «Ашки моҳ», «Ду хоҳарак», «Марҷона», «Ману абр», «Садафпора», «Гулғунча», «Гаҳворабандон», «Гулбонги розҳо» ва ғ. дастраси хонандагон гардидаанд.

Ба матни чанд шеъри ӯ ҳунармандони ҷумҳурӣ оҳанг офаридаанд. Чанде аз шеърҳояш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Фархунда 16 апрели соли 2024 аз дунё гузашт.

Дигар хабарҳо