ТӮЛҚУН МАҲМУД

 ТӮЛҚУН МАҲМУД

МАҲМУД ТӮЛҚУН 1 июли соли 1913 дар ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона ба ҷаҳон омадааст. Соли 1930, баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, шогирди Омӯзишгоҳи кишоварзии Хуҷанд шуда, ба ҷанги зидди босмачиён рафтааст. Солҳои 1923-1933 дар рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» кор кардааст.

Соли 1934 Омӯзишгоҳи омӯзгории Тошкандро хатм ва дар Омӯзишгоҳи кишоварзӣ ва молияи Хуҷанд муаллимӣ кардааст.

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, соли 1944, баъди захмӣ шудан, ба ватан баргаштааст.

Аз соли 1946 ходими рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», мудири шуъбаи рӯзномаи «Совет Тоҷикистони», ҷонишини муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Октябр»-и Шаҳритӯс, муҳаррири рӯзномаи «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Регар буда, солҳои охир дар рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» фаъолият доштааст.

Гулчини ашъораш дар китобҳои «Тантана» (1948), «Муҳаббати ҳақиқӣ» (1954), «Шодӣ» (1958), «Парвоз» (1960), «Чароғ» (1964), «Дафтари умр» (1974) ва «Нишони ман» (1980) ба табъ расидаанд.

Ашъори алоҳидаи М. Турсунзода, М. Миршакар, М. Раҳимӣ, Б. Раҳимзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Суҳайлӣ ва дигаронро ба ӯзбекӣ гардондааст.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Бо нишону ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Аз соли 1958 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

22 сентябри соли 1983 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо