ТӮЙҒУН СУБҲОН

 ТӮЙҒУН СУБҲОН

СУБҲОН ТӮЙҒУН соли 1930 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1953 Курси дусолаи муаллимини Самарқанд, соли 1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд, соли 1961 Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба поён расонда, чанд сол дар мактабҳои ноҳия муаллимӣ кардааст. Баъдан ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, солҳои зиёд муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ будааст.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Варзи Манор», «Гардун», «Суруди Урметан», «Мурғи сарой», «Марди баланд, «Оҳи дил» ба чоп расидаанд, ки дар онҳо ишқу муҳаббати самимӣ нисбат ба ёру диёр, манзараҳои нотакрори кӯҳистон, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, эҳсоси гарми ҷавонӣ ва дигар ҷанбаҳои суннатии зиндагӣ таран­нум ёфтаанд.

Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1987).

Аз соли 1950 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

4 августи соли 2011 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо