САМАРҚАНДӢ ҶӮЁ
ҶӮЁИ САМАРҚАНДӢ (Раҳимов Баҳриддин Одинаевич) 10 июни соли 1960 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №6 ноҳия, соли 1977, донишҷӯи факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст.
Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ адои хидмати сарбозӣ намудааст. Солҳои 1984-1988 дар идораҳои геологияи ҷумҳурӣ кор кардааст.
Соли 1988, бо роҳхати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар бахши тарҷумонии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тбилиси (Гурҷистон) ба таҳсил пардохтааст.
Аз соли 1991 то имрӯз дар идораҳои гуногуни матбуоти ҷумҳурӣ фаъолият мебарад.
Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Тирамоҳи ормонҳо» (1992), «Фарёдҳои бесадо» (1997), «Аз шаҳри ёдҳо» (2002), «Суфраи шеър» (дафтари аввал – 2007; дафтари дувум – 2011) мебошад.
Намунаҳоеро аз осори манзуму мансури Иля Чавчавадзе, Важа Пшавела, Галактион Табидзе, Титсиан Табидзе, Нодар Думбадзе, Радий Фиш, Олжас Сулаймонов, Евгений Евтушенко, Вилям Фолкнер, Эрнест Ҳемингуэй, Чингиз Айтматов, Чабуа Амирэҷиби, Лу Син, Дмитрий Лихачёв ва диг. ба тоҷикӣ гардондааст. Ҳамчунин, дар тарҷумаи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олии ҷумҳурӣ ширкат варзидааст.
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистон (1996) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2004) аст.