САДРИДДИН НУРИДДИН

 САДРИДДИН НУРИДДИН

НУРИДДИНИ САДРИДДИН 10 ноябри соли 1953 дар деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт) ба ҷаҳон омадааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1975 дар мактаби №25 деҳашон оғоз намуда, сипас дар мактаби №61 идома бахшидааст. Аз соли 1979 мудири китобхонаи мактаби миёнаи №24, ҳамзамон директори мактаби ибтидойии озмоишии №87 деҳа мебошад. Соли 1990 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Рӯдакӣро ба итмом расондааст.

Дар баробари фаъолияти гуногунҷабҳа, ба навиштани шеъру қиссаву ҳикоя ва очерку мақола иштиғол меварзад. Бисёре аз навиштаҳои насриву назмии ӯ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Чашми гулбин» (2006), «Розе зи сӯзу созҳо» (2007) ва «Чароғи дил» (2009) аст.

Дорандаи Нишони «Сухан», Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва унвони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

Соли 2012 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Дигар хабарҳо