РОЪУН ҲОРУН

 РОЪУН ҲОРУН

ҲОРУНИ РОЪУН (Муҳаммадҳоруни Муҳаммадшариф) 10 июни соли 1972 дар шаҳри Кобул ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилоти аввалияро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст. Муддате бо аҳли хонаводааш дар Эрону Тоҷикистон зиндагӣ кардааст. Ҳоло муқими Канада мебошад.

Муаллифи китобҳои ашъори «Бе боғбон» (Душанбе, 1999), «Бирка дар оташ» (Душанбе, 2002), «Қаламрави муҳраҳо» (Кобул, 2003), «Агар дубора наойӣ» (Кобул, 2003), «Муборакбод» (Кобул, 2004), «Маҷмӯаи мақолот оид ба шеъру адабиёт» (Душанбе, 2002) мебошад.

Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо