РАҲМОНИЁН ДАВЛАТ

 РАҲМОНИЁН ДАВЛАТ

ДАВЛАТИ РАҲМОНИЁН 15 апрели соли 1965 дар совхози бо номи С. М. Кирови ноҳияи Вахш таваллуд ёфтааст. Соли 1990 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.

Аз соли 2002 то 2014 дар телевизиони тоҷик ба сифати муҳаррири варзидаи шуъбаи барномаҳои фарҳангӣ фаъолият карда, муаллиф ва барандаи барномаи маъруфи «Сайди маънӣ» буд. Баъдан  фаъолиятро дар шуъбаи ИНТ дар шаҳри Ваҳдат ҳамчун сармушовир идома дод. Аз соли 2015 то ҳол дар маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» ба ҳайси котиби масъул ва ҷонишини сармуҳаррир ифои вазифа дорад.

Аз овони мактабхонӣ шеър эҷод мекунад. Гулчини ашъораш дар васоити ахбори умум ва маҷмӯаҳои «Растахези рӯҳ» (1995), «Найистон» (1996), «Марзи нисён» (2002), «Навишта дар пари парвона» (2007) «Қиёми рӯҳ» (2014), «Хайма дар офтоб» (2017), китоби «Хотираҳо ва муҳокимаҳо» (2020) ва «Дар сояи қалам» (2021) ба табъ расидаанд, ки дар анвоъи ғазал, «шеъри озод», чаҳорпора ва ғ. гуфта шудаанд. Забону тарзи баёни нигоранда пухтаву суфта, мушоҳидаву хулосбардориҳояш амиқу дақиқанд ва гувоҳ аз маҳорати баланди суханварии ӯ медиҳанд.

Аълочии радио ва телевизиони Тоҷикистон.

Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2017).

Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо