РАҲМОН ЗИЁ

 РАҲМОН ЗИЁ

ЗИЁ РАҲМОН 20 январи соли 1954 дар ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Сайидалии Ҳамадонӣ) таввалуд шудааст. Соли 1969 мактаби миёнаи №41 ноҳия, соли 1973 Омӯзишгоҳи тиббии Кӯлобро ба фарҷом расондааст.

Соли 1992 факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1995 то 1999 дар дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ба ҳайси муовини сардор ва сардори раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва умури сафарбарнамоӣ кор кардааст. Дар баробари ин, ба корҳои илмӣ машғул шуда, соли 1998 дар Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии вирусологияи ба номи академик Ивановскийи Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Россия рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Соли 2009 нашрияи расмии Вазорати тандурустии ҶТ «Шифобахш»-ро таъсис додааст, ки дар болобурди савияи маърифати тиббию беҳдоштӣ ва ташвиқу тарғиби тарзи солими зиндагии аҳолӣ саҳми арзанда мегузорад.

Соли 1995 маҷмӯаи аввалини ашъораш «Қатраборон», баъдан «Пайки ошноӣ» (1997) ва «Дар хилвати танҳоӣ» (2003) ба табъ расидаанд.

Чанде аз шеърҳояш дар маҷмӯаҳои умумии «Гулбонги Истиқлол», «Анҷумани саодат», «Азизи дилу дида» ва ғ. ба дасти чоп расидаанд. Дар меҳвари асосии эҷодиёташ тавсифи миллатдӯстиву меҳанпарастӣ, ишқу муҳаббати поку самимӣ ва саховату инсондустӣ қарор доранд.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо