РАБИӢ САЪДУЛЛО

 РАБИӢ САЪДУЛЛО

САЪДУЛЛО РАБИӢ соли 1883 дар деҳаи Арақчини ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи Ҳисор фаро гирифтааст. Иштирокчии фаъоли муборизаҳо барои истиқрори сохту зиндагии нав будааст.

 Аз соли 1903 ба шеъргӯӣ сар кардааст. Ашъори тоинқилобияш дар девони «Ҳисори ишқ» (1920) фароҳам омадаанд. Аввалин асарҳои чопияш аз нимаи солҳои 20-ум пайдо шудаанд. Достонҳои «Москва», «Ҳисор» ва шеърҳои гуногунаш соли 1932 дар маҷмӯаи «Бригада» аз чоп баромадаанд. Соли 1965 маҷмӯаи ашъораш бо номи «Қалами ман» ба чоп расидааст.

Дар Анҷумани якуми умумииттифоқии адибони шӯравӣ (Маскав, 1934) иштирок кардааст.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1938 дар табъид ба ҳалокат расидааст.

Дигар хабарҳо