ОТАШ НЕЪМАТ
НЕЪМАТ ОТАШ (Дадобоев Неъматҷон) 5 феврали соли 1953 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Fафуров) таваллуд шудааст. Соли 1970, баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии №12 ноҳия, ба шуъбаи форсии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардида, соли 1977, баъди хатми донишгоҳ, фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси ходими адабии рӯзномаи «Бо роҳи Ленинӣ»-и ноҳияи Хуҷанд оғоз кардааст. Сипас котиби масъули ҳамин рӯзнома будааст. Солҳои 1980-1982 дар Артиши миллии Афғонистон ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ хидмат кардааст.
Баъди адои хизмати ҳарбӣ фаъолияташро чун котиби масъул дар рӯзномаи «Бо роҳи Ленинӣ» идома додааст. Солҳои 1984-1991 мухбири махсуси ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» дар вилояти Ленинобод будааст. Моҳи майи соли 1991 муовини раиси Иттиҳодияи эҷодии адибони вилоят таъин шуда, соли 1992 раиси бахши Хуҷандии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ таъин гардидааст. Солҳои 1993-1994 мудири шуъбаи ахбори Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд, 1995-2008 хабарнигор ва муовини сармуҳаррири нашрияи ҳукумати шаҳри Хуҷанд – «Тирози ҷаҳон» будааст. Аз соли 2008 сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ ва илмию оммавии «Паёми Суғд» мебошад.
Шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Шукуфа» соли 1989 чоп шудааст. Маҷмӯаҳои дигари ашъораш «Садои сабзи шукуфтан» (1999), «Мунтахаби ашъор» (2001) ва «Ба ишқ бовар кун!» (2003) дар Хуҷанд интишор ёфтаанд. «Мусофири шаҳри борон» панҷумин маҷмӯаи ашъори ӯст.
Ҳамчунин, дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳилолиён Аскар ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ (1990) китоби «Файзи баҳорон»-ро таълиф намудааст. Қиссаҳои ҳуҷҷатиаш «Фидокори Мирзочӯл» (2010) ва «Қиссаи мардони диловар» (2012) аз корномаву ҷасорати диловарони саҳроҳои меҳнат ҳикоя мекунанд.
Намоишномаи «Корвони нур»-аш дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ саҳнагузорӣ шудааст. Намоишномаҳои мусиқии А. Сагарели «Хонума», Л. Устинов «Fукчаи доно» ва М. Кралл «Садбарги сеҳрнок»-ро дар тарҷумаи ӯ Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ саҳнавӣ гардондааст.
Бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ (1988), Ифтихорномаи Вазорати дифоъи Иттиҳоди Шӯравӣ (1982), ордени «Шараф» (1999), медалҳои «Барои хидматҳои ҷангӣ» (1982), «Барои шуҷоат» (1982), «Ба ҷанговари интернатсионалист аз халқи миннатдори афғон» (1989), нишони «Шаҳриёр»-и Ҷумҳурии исломии Эрон (2011) ва медалҳои ҷашнӣ мукофотонида шудааст.
Соли 2006 барои китоби «Ба ишқ бовар кун!», сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардидааст.
Аълочии матбуоти Ҷумурии Тоҷикистон.
Узви Иттифоқи журналистон (1983) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993) аст.
Неъмат Оташ моҳи ноябри соли 2019 аз олам даргузашт.