ОЗОД РОЗИЯ

 ОЗОД РОЗИЯ

РОЗИЯ ОЗОД 17 январи соли 1893 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Модари донишманди оламшумули тоҷик Бобоҷон Ғафуров аст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кӯҳна фаро гирифтааст. Баъди инқилоб дар мактаби русӣ хонда, фарзандонашро ҳам дар ҳамон мактаб хонондааст.

Ашъори нахустинаш дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чоп шудаанд. Соли 1944 аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Муҳаббат ба ватан» интишор ёфтааст. Баъдан китобҳои «Гулистони ишқ» (1946), «Аз водиҳои тиллоӣ» (1948), «Иқбол» (1951), «Зинда бод сулҳ!» (1954)-и ӯ ба дасти чоп расидаанд.

Китобҳои «Солнечный край» (1947) ва «Стихи» (1957)-и ӯ ба русӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Соли 1957 китоби «Шеърҳои мунтахаб», соли 1958 «Дӯстони ман», соли 1982 «Хотира»-ҳояш интишор ёфтаанд.

Аз соли 1944 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

10 декабри соли 1957 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо