НУРЗОД НУРАЛӢ
НУРАЛӢ НУРЗОД (Нуров Нуралӣ Норович) 20 сентябри соли 1974 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба итмом расондааст. Солҳои 1996-1999 дар аспирантураи донишгоҳ таҳсил карда, соли 2002 дар мавзӯи «Маърифат ва шарҳи ашъори Бедил» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Солҳои 2002-2009 мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ, ҳамзамон, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ будааст. Солҳои 2009-2011 докторанти кафедраи адабиёти классикӣ буда, дар мавзӯи «Поэтикаи ашъори Бедил» рисолаи докторӣ таълиф намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2011 мудири кафедраи адабиёти классикии донишгоҳи номбурда мебошад.
Ширкатвари нахустин Ҳамоиши байналмилалии чашмандози шеъри муосири форсӣ (Теҳрон, 2004), Кунгураи байналмилалии «Фарҳангу тамаддуни Эрон дар асри Элхонӣ» (Табрез, 2005), Анҷуманҳои панҷуму ҳаштуми устодони забону адабиёти форсӣ (Душанбе, 2006, 2011), дувумину савумин Кунгураи байналмилалии «Урси Бедил» (Теҳрон, 2006, 2008), дувумин Иди ҷаҳонии Наврӯз (Теҳрон, 2011), Ҳамоиши «Дурнамои рушди забони форсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» (Алмаато, 2012) мебошад.
Силсилаи мақолаҳояш дар маҷаллаву маҷмӯаҳои илмӣ ва электронии хориҷӣ, аз ҷумла, Эрон, Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Англия, Ҳоланд ва ғ. ба дасти чоп расидаанд.
Маҷмӯан, муаллифи 8 китоб, аз ҷумла, 2 дафтари ашъор – «Азони танҳоӣ», (Хуҷанд, 2005), «Меҳроби шукуфаҳо» (Хуҷанд, 2010) ва беш аз 300 мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ мебошад, ки ба нақду баррасии масоили назму насри муосири форсӣ, аз ҷумла, пайванди адабии кишварҳои форсизабон ихтисос ёфтаанд. Намунаҳое аз ашъори номбурда дар чанд маҷмӯаи дастҷамъии шоирони форсизабон (дар Эрону Афғонистон) низ мунташир гардидаанд.
Барои хидматҳои шоиста сазовори нишонҳои ифтихории Аълочии фарҳанг (2002)-у маориф (2012) ва матбуоти Тоҷикистон (2012), Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2004) гардонида шудааст.
Аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.