НАЗРӢ РАҲМАТ
РАҲМАТ НАЗРӢ 15 октябри соли 1951 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1968 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш ва соли 1973 шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонидааст.Чанде мухбири рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1973-1979), коргузори Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон (1979-1983), мудири шуъба ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1983-1989), мушовири назми Иттифоқи нависандагон (1989-2002) будааст. Аз соли 2002 то имрӯз котиби масъули Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Садорат ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Нахустин чакидаи хомааш ҳанӯз овони мактабхонӣ дар маҷаллаи «Машъал» чоп шудааст. Баъдан шеърҳои навмашқонаи ӯ дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» ва «Комсомоли Тоҷикистон» дарҷ гардидаанд.
Солҳои ҷавонӣ дар Фестивалҳои VIII, IX, X умумииттифоқии шоирони ҷавон (Ашқобод 1975, Полтава 1978, Владивосток 1985) ва Машварати VI адибони Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамлакатҳои сотсиалистӣ (Москва 1979) ширкат варзидааст.
Соли 1977 маҷмӯаи нахустини шеърҳои ӯ «Барги сабз» бо фотиҳаномаи устод Боқӣ Раҳимзода ба табъ расидааст. Сипас маҷмӯаҳои ашъораш «Ситораи рӯз» (1982), «Лолаи оташ» (1984), «Сарнавишт» (1988), «Меҳроб» (1991), «Ҳафтранг» (2002), «Садои хомӯшӣ» (2006), «Ситораборон» (2011), «Чилчароғ» (2011), «Ширмаҳтоб» (2012), «Ширинкома» (2012), «Шилшила» (2013), «Дида ба дида» (2014) интишор ёфтаанд. Намунаҳои аъшораш ба чандин баёзҳо ва китобҳои дарсӣ ворид шудаанд.
Соли 2004 маҷмӯаи ашъораш «Сояи танҳоӣ» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, 2011 «То боздид, эй офтоб!» дар Тоҷикистон бо ҳуруфи ниёкон аз чоп баромадаанд. Ҳамчунин намунаҳое аз шеърҳои ӯ дар баёзҳои эронии «Хуршедҳои гумшуда», «Боғи бисёрдарахт», «Эрон дар шеъри муосири тоҷик» ва маҷаллаҳои эронии «Кайҳони фарҳангӣ», «Симурғ», «Шеър», «Оянда», «Бухоро», «Рӯдакӣ», «Оинаи зиндагӣ» ва ғ. ба табъ расидаанд.
Соли 1988 барои китоби «Сарнавишт» сазовори Ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон, соли 1993 барои китоби «Меҳроб» шоистаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, соли 2000 барои силсилаи дубайтиҳои «Хирмани моҳ» арзандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2003 шарафёби унвони Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст.
Борҳо дар озмунҳои ватаниву байналмилалии шеър ғолиб омадааст.
Як силсила шеърҳои шоир ба забонҳои русӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, туркӣ, украинӣ, булғорӣ, арманӣ, аварӣ, латишӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва ғ. тарҷума шудаанд.
Ба шеърҳои алоҳидаи ӯ бастакорони маъруфи кишвар оҳанг бастаанд. Се қартаи овоз, ки «Сурудҳо бар ашъори Раҳмат Назрӣ» ном дорад, солҳои 1985, 1986, 1990 аз ҷониби фирмаи «Мелодия»-и Тошканд интишор ёфтааст.
Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.