МУҲАММАДЁР ШАРИФ

 МУҲАММАДЁР ШАРИФ

ШАРИФИ МУҲАММАДЁР 31 январи соли 1950 дар деҳаи Насрӯди ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб таваллуд ёфтааст. Соли 1966 мактаби миёнаи зодгоҳаш, соли 1972 факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғоибона хатм карда, пайваста машғули омӯзгорӣ будааст.

Ба эҷоди шеър аз аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта оғоз кардааст. Намунаҳое аз осораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Маориф ва маданият», «Омӯзгор», «Анбоз», «Зангӯла», «Машъал», «Чашма», «Истиқбол» ва баёзу тазкираҳо, китобҳои дарсӣ ва маводи ёрирасони таълимӣ дарҷ шудаанд.

Асосан барои кӯдакону наврасон менависад. Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Қатраҳо» (1985), «Баҳори Зидеҳ» (2003), «Обшори Зидеҳ» (2004), «Куртаи баҳор» (2006), «Шамоли сафҳагардон» (2012) интишор ёфтаанд.

Хидматҳояш дар соҳаи адабиёт ва маорифу фарҳанг бо чанд мукофоти давлативу соҳавӣ тақдир шудаанд.

Аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо