МУКАРРАМ РӮДОБА

 МУКАРРАМ РӮДОБА

РӮДОБАИ МУКАРРАМ 2 июни соли 1979 дар деҳаи Сардеми деҳшӯрои Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1996 мактаби таҳсилоти умумии деҳаро хатм карда, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва соли 2001 соҳиби маълумоти олӣ гардидааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 2001 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон оғоз карда, баъди се сол ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Маърифати Шуғнон» таъин шудааст. Солҳои 2005-2011 мудири шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ноҳия будааст Соли 2010 вакили маҷлиси намояндагони ноҳияи Шуғнон интихоб шудааст. Аз ноябри соли 2011 дар вазифаи муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон кор мекунад.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Афсонаи ишқ» (2006), «Дуруди ошно» (2008), «Замзамаи равони рӯд» (2010) ва «Гулрезаҳои ваҳдат» (2013) аст.

Соли 2012, барои маҷмӯаи «Гулрезаҳои ваҳдат», сазовори Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гардидааст.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2005 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо