МУБОРИЗ РАЪНО
РАЪНОИ МУБОРИЗ (Хӯҷаева Раъногул Карамхудоевна) 9 майи соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Дастпарвари мактаби миёнаи ба номи Мастибек Тошмуҳаммадови ноҳия, хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1987, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Советӣ» ба кор пардохтааст. Муддате корманди рӯзномаи мазкур ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анис», мудири бахши иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси вилоят, сарвари созмони бонувони эҷодкори вилоят, мушовири шӯъбаи ИНТ дар Бадахшон ва муовини раиси маҳфили «Адибони Бадахшон» будааст.
Соли 2003 муовини сардабири маҷаллаи «Фирӯза» таъин шудааст. Солиёне чанд ба сифати сармуҳаррири ҳафтавори «Чархи гардун» фаъолият доштааст. Феълан дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси мудири шуъба кор мекунад.
Аз солҳои донишҷӯйӣ ба шеърнависӣ пардохта, намунаҳои ашъораш дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва алоҳидаи «Гаҳвораи сангин» (1992), «Навои найсон», (2004), «Садбарги кӯҳӣ», (2005), «Мусоҳиби офтоб» (2010) ва «Лаъли Бадахшон» (2015) чоп шудаанд. Намунаҳое аз чакидаҳои хомаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, хитойӣ, ӯзбекӣ ва инглисӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Соли 2013 ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода комёб гардидааст.
Аълочии матбуоти Тоҷикистон. Бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
Аз соли 1992 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.