МИРЗОҲАСАН ЛАЪЛҶУБА

 МИРЗОҲАСАН ЛАЪЛҶУБА

ЛАЪЛҶУБАИ МИРЗОҲАСАН 10 ноябри соли 1951 дар деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1973 шуъбаи филологияи тоҷики факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро бомуваффақият хатм ва дар мактабҳои навоҳии Ишкошиму Шуғнон омӯзгорӣ кардааст.

Соли 2011 котиби масъули бахши Бадахшони Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ таъин шудааст. Ҳамзамон, номзади илми филология, дотсент ва мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мебошад.

Ашъораш дар китобҳои «Рӯзи баҳор» (1989), «Ҷилои шишаи шабнам» (1995), «Суруди дарё» (2005), «Накҳати субҳ» (2011) интишор ёфтаанд.

Яке аз мураттибони «Тазкираи адибони Бадахшон» (2005) буда, ба 16 маҷмӯаи ашъори шоирони вилоят сарсухан навишта, муҳарририи онҳоро бар уҳда доштааст.

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2015). Шоири халқии Тоҷикистон (2023)

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо