МАҲМУД МИРЗО
МИРЗО МАҲМУД соли 1926 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, Мактаби олии ҳизбии Маскав таҳсил, дар колхоз, идораҳои мухталифи ноҳия кор кардааст.
Шоири ҳаҷвнигор буда, гулчини офаридаҳояш дар маҷмӯаи аввалини ашъораш «Ҷияни тағо» (1971) бо пешгуфтори устод Боқӣ Раҳизода ба табъ расидааст. Баъдан маҷмӯаҳои «Илтимос» (1975), «Хоби хушомадгӯ» (1982) ва «Як мушт ханда» (1990)-и ӯ ба дасти чоп расидаанд.
Соли 1988 аз олам даргузашт.