ЛЕСНОЙ НИКОЛАЙ
НИКОЛАЙ ЛЕСНОЙ (Семёнов Николай Иванович) 22 декабри соли 1910 дар шаҳри Аткарски вилояти Саратов ба ҷаҳон омадааст. Соли 1930 мактаби агротехникҳои колхозро тамом карда, дар совхози гиёҳҳои шифобахши Аткарск агрономӣ кардааст. Соли 1937, пас аз адои хизмати ҳарбӣ, ба шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) омада, чанд вақт дар корхонаи шоҳибофӣ лаборант будааст. Баъдан ба рӯзноманигорӣ шуғл варзида, дар рӯзномаи «Ленинабадская правда» вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъба ва котиби масъулро бар уҳда доштааст.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, дар муҳорибаҳои назди Курск захмӣ шудааст. Баъди ҷанг фаъолияташро дар рӯзномаи «Ленинабадская правда» идома додааст.
Аввалин ашъораш солҳои сиюми асри гузашта дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.
Муаллифи маҷмӯаҳои «Шеърҳо» (1961) ва «Насими Сирдарё» (1965) мебошад.
Бо нишонҳои ҷангӣ мукофотонида шудааст.
Аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1967 аз олам даргузашт.