ЛУҚМОН ТОЛИБ
ТОЛИБИ ЛУҚМОН 26 декабри соли 1990 дар шаҳри Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 2008 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №34-ро хатм карда, ҳамон сол донишҷӯи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шудааст. Соли 2012 донишгоҳро хатм намуда, муддате хабарнигори рӯзномаи «Минбари халқ» будааст. Айни замон мудири бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).
Аз овони мактабхонӣ машқи шеър мекунад. Намунаҳое аз ашъораш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаи «Сафар ба сӯйи тулӯъ» (2011) мунташир гардидаанд.
Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.