ҚОЗИБЕК ҶОНИБЕК
ҶОНИБЕКИ ҚОЗИБЕК 2 феврали соли 1958 дар деҳаи Миденшарви ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа (1965), Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраевро (1985) ғоибона ба итмом расондааст. Коргари колхози ба номи Калинини ноҳияи Шуғнон (ҳозира Роштқалъа) будааст.
Солҳои 1976-1978 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1978-1979 коргари совхози ноҳияи Шуғнон, солҳои 1979-1983 коргари Заводи нони Хоруғ, солҳои 1983-1989 муаллими мактабҳои ноҳия, солҳои 1989-1982 мудири шуъбаи рӯзномаи «Маърифати Шуғнон», солҳои 1992-2005 сармуҳаррири рӯзномаи «Шоҳдара»-и ноҳияи Роштқалъа ва, ҳамзамон, мудири шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ноҳия, солҳои 2005-2007 муҳаррири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», солҳои 2007-2011 сармуҳаррири рӯзномаи мазкур, аз соли 2011 то апрели 2012 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Аз апрели соли 2012 раиси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Шеърҳояш аз соли 1980 чоп мешаванд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Тулӯи Офтоб» (2008), «Зикри хайр» (2009), «Киштии шеър» (2010), «Некқадами накӯқадам» (2012) ва ғ. мебошад.
Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон (1996), дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти Тоҷикистон» (2012), ду бор вакили маҷлиси маҳаллии ноҳияи Роштқалъа (1995-2000 ва 2000-2007).
Аз соли 1997 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.